Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шояд сипоҳи савораву пиёда биандешида, ки Файлотус мираду Аминта монад. Аз ин рў сар ба сар шуданд пасту баланд, ки яке аз боло шамшер мезаду дигаре ба боло менигарист.
Шоҳ: (Шамшер ҷавлон дода.) — Даст кашед! Теғ боздоред!
Осуда бошед! Киро кушед? Мақдуниро! Юнониро!
Садоҳо:
— Файлотусро озод бикун, шоҳ!
— Магар кам хун рехтем!
— Хуни Пармониён бас набуд!
— Ягона талаби мо: Файлотусро озод бикун!
Ва аммо садо ба гўши шоҳ намеомад. Чунки ў нашунида меангошт ва пошнаву маҳмез зада Бусефал пеш меронд, то ногумон зеҳннишин кунад соҳиби садоро. «Ҳукми шоҳ раднопазир... Ҳукми пошоҳ – воҷиб... Шумо шоҳи мақдунӣ ё ман? Шумо фисинҳо тақдири мақдуниёву мақдуниёнро муайян месозед ё шоҳ? Шумо соҳиби кишвар ё Искандар? Шумо шоҳзода – пури шоҳ Филиппи Дуввум ё Искандари Сонӣ?... Чаро хомўшед???»
Ва якбора ба ҷойи ин ҳама андешаҳо фарёд зад Искандари Мақдунӣ:
— Боздоред! Теғҳоро боздоред!
Баъди чунин пурсиданҳо шоҳ Искандар бедор шуд ва ба худ омад, ки шоҳи олам шуда ва чаро бо чанд сарбози зархоҳ, ки кироя то ба дуриҳо расидаанд ва шояд ҳоло ҷайбашон пур аз зари Порс шуда бошад, тую ман кунад? Садои ғайримаъмулӣ баровард:
— Сипо-о-оҳ! Саф орое-еед!!!
Аммо ба гўши касе намерасид садо. Чакочаки шамшерҳо ва «воҳ!» гуфта ба замин афтидани сарбозон меомад. Шоҳ рў ба «горди шоҳӣ» овард ва онон низ ҳавсалаи хомўш кардани ошўбро надоштанд. Мурдаҳо зери суми асбон ва таки пойи пиёдагон монда, ягон-ягон асбони бесавор сайҳа кашида аз тўда бурун меомаданд. Искандар бо дастаи ночиз ҳуҷумовар шуд. Кратер, Гефестион, Биталомус ва чанде дигар бераҳмона омаданд ба майдон ва ононеро, ки аввал ба майдони набард даромада буданд, каллапарид карданд. Гўйӣ ба шири дамида оби сард рехтанд.
Ҷўши ҷанг фурў рафт.
Вале он ҷо – паҳлўи минбар бастадастон чу шери ба дом омада меғурриданду мепечиданд, ки имкон бошад бар зидди шоҳ бархезанд. Вале якбора хомўш гаштану аз нав аланга гирифтани оташи ҷанг олуғда кардашон; дандон соиданд.
— Сипо-о-ооҳ!
Садои боизтироб ва чу бонги хатари шоҳ Искандар ба худ овард ҳамаро ва онҳо ҳамчун сагони тохтаву шалпар дилаку забонак зада, чалаппос мезанониданд лабҳои карахшбастаро ва ҳанўз аз ҷаҳлу ғазаб нафаромада буданд.

пешина
аз 411
навбатӣ