Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Бадтар аз онҳо Искандар шери жаён гашта буд. Ба касе чизе нагуфт ва аз нияташ нагашта, фармуд то кунда бароранд. Кундае, ки аз бисёр табарзину табару шамшеру хун хўрдан кома шуда қолаби гарданро гирифтааст.
Ҷаллодҳо низ ҳамроҳи кунда ба майдон баромаданд, ки табарзину табару теғ ва шамшер доштанд. Ҳама нигарони фармони шоҳ, ки навбати кист? Чунин маросимҳо бе иштироки шоҳ мегузашт.
Ҳоло шоҳ Искандар ҳузур дорад ва касе надонад, ки чӣ шавад.
Бусефал бинӣ меафшонад ва саворашро такон медиҳад; дик-дик пушти зин болову поён мешавад.
«Гардани кӣ хобад ба кунда?» – мепурсад яке ва ҳар кас тахмин мекунад аз рўйи шунидаҳои рафти мурофиа:
«Гардани Аминта.»
«На. Иоллай.»
«Чаро гардани Файлотус набошад?»
«Шунидӣ – ку, бегуноҳ баромад.»
«Ўро чун душман решакан карданианд.»
«Тахминҳои мо беҳуда. Шоҳ худаш медонад...»
«Ҳоло мебинӣ, аввал ягон бегуноҳро гардан мезананд...»
Ва Файлотусро оварданд сўйи кунда. Аз нав ғалмағал шуд.
Ва ин ғалмағал пеши назари шоҳ мағали мурғони баднамои фазо – лошахўронро овард. Ҳама меҷунбиданд: дар ҷойи ист; сари зинҳо, андар рада, минбару рўйи замин меҷунбиданд; касеро ҷуръат набуд, пеш ояд ва дод занад: «Ҷаллодҳо! Даст боздоред! Ин хел кушед, як мақдуниву юнонӣ нахоҳад монд!» Дар дил такрор мекунанд, сари забонашон ин хитоба, аммо тарсашон зиёд, ки ба ҷойи гардани «хоин» гардани ўро андар комаи кунда ниҳанд.
Файлотус механдид. Қомати баланди падарона дошт ва ҳайати қаҳрамонона. Аз Искандар ва аз Кратеру Гефестиону дигарон таҳамтан метофт, танҳо аз Биталомуси пилзўр андаке хурд метофт.
Вале шербас, кашида ва дамидамушак.
«Ҳайф мешавад. Дар сипоҳи Искандар чунин ҷавонмардону родмардон лозиманд...»
«Душмандорӣ кори сахт аст...»
«Бале, яке бояд сари дигареро бихўрад.»
Файлотуси таҳамтан ханда дорад ва ба дуродур менигарад.
Ба назараш Пармониёни корзордида ва ботадбир аз зери офтоби сўйи Машриқ хунгирифта пайдо мегардад савори Бодпо ва шамшери тезаш дарав мекунад сарҳои душманро. Дилпур, ба умед ва қавирўҳ метобад...
Ва аммо Никонор пайдост андар паҳлўяш ва табари қасобӣ дар даст дорад. Ҳайрати Файлотус меафзояд, ки падар бародар гашта; ҳолиё падарро медид шамшерзан, инак бародарро мебинад табарбадаст.
— Туро низ, Никонор?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо