Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— На. Маро...
Сухан гуфта натавониста табарро баланд мебардорад ва ишораи задан мекунад. Файлотус дарёфта, ки ўро ҷаллоду қотили бародар хонда шоҳ.
— Ва дастат равад?
— Ҳукми подшоҳ воҷиб...
Ва Файлотус хандон назди кунда рафт ва дид, кунда якпаҳлў.
Чандон барои табар задан боб нест. Бо пой рост кард онро ва зону зада гардан ба комаи кунда ниҳод.
Ҳайронтар ҳама. Баъзеҳо садо мебароранд, бархе меларзанд; гурўҳе мегирянд...
... ва садои занона баланд мешавад:
«Не-е-ееее!!!»
Гетери жўлидамўй Эрис метозад аз дасти Тойис раҳо гашта ва то зеркунда нарасида касе пеши пой медиҳад, меафтад. Либоси сиёҳи пешакӣ пўшидааш мепўшонад ўро.
Ҳама чашмдоранд, ки таҳамтан сар бардошта ҳоли ўро мебинад. Аммо ў чашм пўшида. Бо чашми дил мебинад, ки бародараш Никонор табарро тори сар бардошта, нигарони кадом фармон аст, вале дилаш меларзад ва аксаш ба дастонаш гузашта.
Чунон метобад, ки Никонор тамошо дорад он кўҳи хуфтаро ва ба ёд мегирад, ки чӣ бародаре дошт. Тановар, бузург. Гардани танаи дарахти чаҳормағзи юнонӣ барин сахту ғафсу сиёҳрангаш бо як табару ду табар бурида нагардад. Чанд табар бояд зад барои аз тан ҷудо кардан. «Аз ин рў ба ман супорид, то бародарро хуб азоб диҳам... Файлотус қатлашро аз шоҳ надонад, аз бародар донад.» Табари тори сар бардоштаи Никонор дирафшро монад, ки бо матоъи биринҷӣ онро як зайл медошта бошад.
«Агар ту зинда мемонӣ, маро зудтар бикуш! Ман ба хотири ту ва ба хотири шаҷараи Пармониён гардан ниҳодам, Никонор, вагарна бо ин дастони баста мубориза мебурдам бо шоҳ; бо сар мезадам...»
Таъхир кардани бародарро пай бурда, аз фикр мегузаронад Файлотуси гарданниҳода. Аммо гуфта натавонад, то осебе ба бародар нарасад.
Табар бархўрд. Аммо садои кунда набаромад. Лекин як садое баромад, ки шикаст. Пас тани Никонор бар тахтапушти Файлотус бархўрд. Гўйӣ мепўшид бо ҷуссаи хеш бародарро.
«Ту чӣ кор кардӣ, куш буд... Зинда мемондӣ, кори Пармониёни падарро идома медодӣ. Акнун ҳар дуямонро мекушанд.»
«Ме-куш-шан-д ҳар-ду – я-ям-он-ро...»
«Ба ту чӣ шуд, Никонор?»
Бародарро дар тахтапушт бардошта мехезад Файлотус. Ва аз пойи табархўрдаи Никонор хун мерезад. Гўйӣ аз замин кўҳ рўйид. Ва сояе пайдо шуд.

пешина
аз 411
навбатӣ