Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Шоҳ Искандар сабр пеша карда буд, ки то охир рафтори бародаронро мушоҳида кунад ва донад чӣ анҷом мепазирад муносибаташон; аз сояи мурғони баднамо парешон гашт. Зеро медонист:
ҳар боре онҳо пайдо гарданд, хунрезӣ шавад ва сахт ғаши шоҳро орад. Ба фазо нигарист шоҳ. Дар дил дашном дод лошахўронро ва баргашта ба бародарон нигарист. Ба назари ў ҳолиё Файлотус Никонорро аз пушт меафканад ва дастонаш ки баста, лагад мезанад: «ҳама кори ту; ту фурўхтӣ моро!»
Ва чун шоҳ Искандар хостаашро надид, балки бародари кашолпоро бар дўш бардошта ва бо дастони пуштбаста дошта, мегардонд назди онҳо:
«Шикастабанд лозим... Бибандед пояшро... Мўмиё дар ҷайби ман аст. Падарам дода буд аз рўйи эҳтиёт... Бигиред. Бихўронедаш...»
— Ҷаллод!
Ин садои шоҳ Искандар буд ва ҳамаро безобита мекард.
— Ҷаллод! Кундаи дигар биовар!
Ин маъниро танҳо Файлотус фаҳмид, ки бародаронро паҳлўи ҳам хоҳад хобонд. Бозистод ва андаке гардан каҷ карда пурсид:
«Поят ба дард омада?»
«На.»
Ҳамчунон посух дод Никонор ва афзуд:
«Агар мурданӣ бошем, баробар мурем...»
«Кундаи дуввумро барои ҳамин фармуд.»
Гуфт Файлотус ва ҳис кард, ки чизе аз сари дили бародараш фурў рехт ва дарёфт, ки дили худаш низ ончунон фурў рехт зери пой.
«Азоб мекашӣ, Филота.»
«Чӣ хел?»
«Ман дидам, ки чӣ гардани сахту ғафсе дорӣ, танаи дарахти чормағз барин. Бо як табару ду табар бурида нашавад... Сахт азоб мекашӣ.»
«На. Ман мегўям, ки шамшер зананд.»
«Шамшер набурад гардани туро, Филота.»
«Ғами ман ин нест, Никонор... Ному насаб чӣ мешавад? Шаҷара қатъ мегардад.»
Баъд ҳар ду хомўш монданд. Сўгворӣ доштанд бесиришк.
Зеркундаи дигарро оварданд. Ниҳоданд паҳлўи зеркундаи аввал. Ҷаллодон табару табарзин дар даст, саропо рўйинпўш, хўди фулўзӣ ба сар, шамшер дар миён, шикамҳо дамида чун занони бордор ҳозир шуданд. Аз гармо, фарбеҳӣ ва ҳаяҷони зиёд, ки пеши чашми шаш ҳазор нафар бародаронро гардан мезананд, арақшор буданд ва зуд-зуд сару рўй кафмол мекарнанд.
Файлотус оҳиста ва боэҳтиёт бародари шикастапоро ба замин ниҳод, то озоре наёбад; пойи кашоли хуншор, ки либоси ҳардуро хунбаста гардонида буд, зер монда озор надиҳадаш.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо