Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вале дошта наметавонад бо дастони баста, яқин биафтад чун пада. Зону зад.
Ба паҳлўи рост зону зад, то пойи шикаста наафтад ба зер ва ҳамон зайл оҳиста бо китфи рост такя бар замин кард ва беозор хобонд Никонорро. Чун мурдаи нав, ки ҳоло дасту пояш шах нашуда бошад, рўболо гашт ў. Дар чашми Файлотус намуд, ки на ҷон дорад ва на ранги зинда. Лабонаш кабудча гашта, мадораш рафта буд. Файлотус илоҷе карда наметавонист. Ноилоҷ буданашро дарёфта, ҷуссаи азимашро бардошта хест ва гўйӣ кўҳ рўйид аз замин. Наъра зад:
— Дўсту душманатро шинохтӣ, шоҳзода?!
Искандар посух надод ва хашм гирифт, ки ҳанўз ҳам шоҳ намедонад ўро, шоҳзода мехонад. Ва найза андохт сўйи он ял.
Чун дастонаш баста буд, наметавонист найзаи маргбори шоҳро боздорад. Хаёле реб дод ва найза аз паҳлўи рости ў гузашта ба пойи шикастаи Никонор бархўрд, вале ў на ҷунбид ва на садое баровард. Файлотус чунин ҳолро дида садо баровард:
«Дареғи бародарам!»
Садои шўрида ва олуғдаи шоҳ пахш кард овози ўро ва касе нашунид, ки бародар чӣ гуфт:
— Кен!!!
Ва Кени хоҳаршўйи бародарон он замон ҳозир шуд.
— Гардан бизан!
Амри шоҳ буд Кенро ва Файлотус хандид, сипас афзуд:
— Саворони мақдунӣ, гўш диҳед ба охирсухани ман! Ин шоҳзода бародарро мекушад бо дасти бародар, мақдуниро мекушад бо дасти мақдунӣ, юнониро мекушад бо дасти юнонӣ, то касе аз ў домангир нашавад! То мақдуниёну юнониён донанд, ки Искандар шоҳи одил аст...
— Кен!!!
Кени тарсу ҷониби Файлотус тохт, ки сари зеркунда биоварад, вале сурату ҳайати ўро дида ғайрат накард ва сипаҳсолор баландтар хандид. Садои шоҳ омад:
— Ҷаллод!!!
Ва он ду нафар шиками дамидаро пеш оварда ба маънии «итоат» дастонро зуд ҳаракат доданд ба чаккаву сари сина, равон шуданд ҷониби гунаҳгор. Аз ду ҷониб бозувонашро дошта бурданӣ шуданд. Файлотус аввал бозувонашро пушт майл дод ва якбора пеш зад ва ҳар ду ҷаллод ба даҳан рафтанд сўйи замин. Файлотус боз рў овард ба саворон:
— Ана ҳамин зайл шоҳзода як-як ялону родмардонро нобуд месозад бо дасти дигарон ва рўзе мерасад, ки мамлукҳои мил-

  1. Пада – кундаи пўсида.
пешина
аз 411
навбатӣ