Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

латҳои ғайр гўри мақдуниёнро мекананд, чунон ки зархаридони юнонӣ бо порсҳо карданд!
— Биафкан! Сар бизан!
Садои шоҳ пуризтироб буд ва меларзид аз ғазаб.
— Кен! Дониста бош, ки рўзи ман ба сари ту низ хоҳад омад!
Хоҳарам донад, ки ту чунин кардӣ бо ман, худаш сари туро канад!
— Ман кайҳо рухсат додаам хоҳаратро...
— Туфу бар туи малъун!
— Амр мекунам, ки росто гардан занӣ ўро... Кен!!!
Ва Кен аз амру садои шоҳ ҷон гирифта, аввал табарзинро ҷониби ў андохт. Файлотус бо китфи чап баргардонд табарзинро. Кен шамшер биохт. Ҷавлон дод бар ҳаво ва дамид хешро. Китфонаш бардошта шуданд чунон ки парҳои гардани хурўс они ҷанг.
Файлотус яқин кард, ки илоҷе намонда. Даст нест, ки сари
1 шамшери тез бигирад. Пеш аз он ки почо шамшер биронад, бар ў тохт ва лагад зад. Кен пушт рафту афтид ва шамшер парид аз дасташ. Файлотус назди шамшер зону зада ба дандон онро бардошт ва ҳамон зайл ҷониби шоҳ Искандар равон шуд. Шоҳ Искандар ба назари Файлотус шери жаён метофт. Кушодадаҳон буд ва хун мерехт аз камарчаи он. Чун аждар фурў кашиданӣ буд.
Вале Файлотусро бим набуд, ки агар аждар фурў кашад, шамшер ё даҳони аждарро медарад ва ё даҳони худи ўро. Ба ҷойи фурў кашидан баракс наъра зад ва аз даҳонаш оташ дамид. Файлотусро бим набуд. Зеро фарҷоми бади қисматашро медонист; чизе бой намедод ҷуз ҷон. Аз ин рў чун говони ҷангӣ шох кашида мерафт сўйи шоҳ...
Аммо нагузоштанд, ки равад. Аз ду ҷониб доштанд. Ва ў бастадаҳону дастбаста чӣ кор кардану чӣ гуфтанро надониста, фир гашт ба чап ва неши шамшер гардани ҷаллодро чок кард ва афтод аз даҳони ў.
— Кен!!!
Омад садои музтарибҳоли шоҳ. Ва агар Кен боз таъхир кунад, худи ў ба майдон омаданист.
Ҳамлавар шуд Кен бабросо ва китф зада додарарўсро то сари зеркунда бурданӣ шуд, аммо натавонист ҷунбондан. Кен ҳама ҳунарро сарф карда ба шоҳ нишон доданӣ буд зўрашро, вале барбод рафт кўшишаш. Баракс чун пуффаки ба харсанге бархўрда баргашта пас рафт ва калавида хешро базўр дошт. Ҳандиданд тамошобинон. Сахт расид почоро. Чун шағоли сайд дода аз даст дандон гиз кард. Ва он сў шоҳи ғазабкарда беихтиёр ба майдон омад. Як мушт ба пушти гардани Кен фаровард. Кенро чашмон
- Почо – подшоҳ; шаҳ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо