Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

сиёҳӣ зада калавида пас рафт. «Маълум шуд, ман киро мекушаму киро нигаҳ медорам.» Таънаҳои Файлотусро ёд овард шоҳ.
«Шоҳзода, дастони маро кушо, ҳар ду набард хоҳем кард»
– аз дил гузаронд Файлотус, аммо гуфта натавонист. Буд-набуд шоҳ ягон ҳарфи ноҷо мегўяд, пушаймон мегардад. Нигарон шуд, то чӣ кунад шоҳ.
Шоҳ Искандар ба Файлотус эътиборе надода майдонро гом зад. Пеши сипоҳро ин бор пиёда гузашт. Ба ҳар кадом бодиққат назар карда, ба онҳо хомўш чизе гуфтаву аз ваҷоҳат, чеҳраҳо, тарзи истоду нигоҳашон бисёр хонда; сар такон додаву афшонда ва чин дар ҷабин фикандаву миёни абрў гиреҳ занонда, нафрин мекард сипоҳии ноўҳдабароро. Ин чизро мефаҳмиданд сарбозу афсарон ва мамлукҳо. Ҷаллодон канортар меларзиданд ва Кен дасту дил аз зиндагӣ шуста буд. Ва Файлотус фарҷоми корро намедонист.
Фикр мекард, хаёл дошт ва пиндораш – шояд шоҳ пўзиш кунад гуноҳашро. Баъд рад мекард андешаашро: «На, сақат гуфтам, нафрин хондам, ҳеҷ гоҳ набахшад...»
Ва тамошобини шашҳазора медонист, ки Искандар туфи ба замин афкандаро вопас нагирад ба даҳон. Аз ин рў ҳама нигарон буданд анҷоми рўзи писари сипаҳсолорро.
Бозистод рў ба рўйи Файлотус шоҳ Искандар. Ба либосҳои хунбаста ва дастони пуштбастаи ў нигарист. Сари диливу гулўйӣ хандид даҳон накушода: «Ҳиҳ!» Масхара, заҳрханда, нафрин ва дашном дошт ин ҳиҷойи дароз. Ба ҳолу аҳволи ў механдид шоҳ ва ришханд дошт, ки мурда низ зиддият кунад. Ба қаъри чашми Файлотус нигарист аз наздик чунон ки сайёд ба чашми хирс. Ва ҳар ду бо нигоҳ ва ё зўри чашм якдигарро зердаст гардониданӣ буданд. Вале шоҳ ба чунин сабқат тан нахоҳад дод.
Ў ду ангушти дасти рост тир кард ба чашмони обии Файлотус, ки ханҷари душоха мезада бошад. Файлотус дарёфт ин маъниро ва як қадам пас рафт. Шоҳ заҳрханда кард. Теғ кашид зери абрў... Чӣ фикре ба сараш зад, ки бозистод ва ба сипоҳиён нигариста, фарёд зад:
— Ҷаллод!!!
Ҷаллодон на аз миёни сипоҳиён, балки аз паҳлў тозон омаданд ва пеши пойи шоҳ зону заданд. Ва Искандар ин замон хешро шоҳи мутлақ донист ва ба ҳамон андоза амр кард:
— Гардан занед!
Ин амри ба зеркунда гузоштани гардани ғафси Файлотус буд.
Ва Файлотус аз пеши худ ба тақдир тан дода ҷониби кунда равон шуд ва Қирёси сарҷаллодро дар пеши роҳаш дида, муносибатҳои хуби пешинашонро ёд оварда гуфт:
— Табар назан, ҷаллод, азоб мекашӣ... шамшер бизан.

пешина
аз 411
навбатӣ