Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Қирёс маънии сухани ўро дарнаёфта киноя донист ва заҳрханда кард. Файлотус, ки ҳарфашро гуфта буд ва ин ишораи бародараш Никонор буд, сўйи ҷасади ноҷунбони ў, ки пешмарги сипоҳ шудааст, зеҳн монд. «Ман ҳам хоҳам чун ту мурдан, Никонор... Худкушӣ беҳ аз он ки Искандар кушадат.» Аз дил гузаронд Файлотус ва рў ба ҷаллод овард:
«Қирёс, ошно... Дастони маро бикушо... Мехоҳам хешро бикушам...»
«Чунин амр нест!»
«Набошад ҳам, бикушо... Мехоҳам худ бикушам хештанро.... Ин хубтар аст аз он ки Қирёс Файлотуси бегуноҳро кушт гўянд.»
«Амри шоҳ – воҷиб, бояд ман кушам туро. Фармон чунин аст.»
«Бале, донам, ки фармон чунин аст. Аммо ту накуш. Зери маломат хоҳӣ монд...»
— Ҷаллод!!!
Ва Қирёс садои ҷонгудози шоҳро аломати эътироз дониста, табар бардошт, то гардани ў ба зеркунда нарасида, каллапарид кунад.
Ҳайҳот! Сари ҷаллоди дигар аллакай пеши пойи Файлотус меғелид ва танаш уфтода ба замин дасту пояш раг мекашид. Гўйӣ шоҳ барои тарсонидани Файлотус ин корро кард; инчунин Қирёсро намуд, ки чунин сар мезананд; чунон ки шайтон баччаи одамро роҳи куш нишон дода буд… Гардан зад ўро ба шамшер ҳамчун нишони норозигӣ. Вале Файлотус нафрат кард чунин рафтори шоҳро: «мағзаш коҳида.» Ишора ба Искандар кард ва идома дод андешаро: «Дар чунин майдонҳо касе ба касе ҳисобот надиҳад, аз ин рў чунин кирдорҳо хурўҷ кунанд.»
Ва хаёлӣ Файлотус мурд. Сараш аз танаш напарида, андешаҳо париданд ва сари гаронаш афтид ба пеш, аммо канда нашуд.
Шамшери ҷаллоди тарсу Қирёс гардани ғафси яли мақдуниро бурида натавонист, чунон ки бародараш Никонор гуфта буд. Тани бузурги Файлотус хеле рост истод. Калавид ва сари нимбуриди майл ба пеш карда мизонро вайрон кард, ки қадаме пеш андохта натавониста пешрў афтид чу сафедори бурида. Ва чанги замин баромад аз ҳавои ба замин бархўрдани ў ва як садои ҷонгудози занона баромад аз миёни корвониён.
Дастаи саворони баргузида асб монда ба майдон омаданд.
Ва савори асби сапеди заринёл пеши онҳоро гирифт:
— Суде надорад. Пештар ҳаракат кардан лозим буд...
Искандар чунин ҳарфро шунида исён пиндошт ва шўрид:
— Биистед! Ҷонатон дар танатон гаронӣ карда бошад, бишўред!
Ва сўйи Кратеру Гефестион нигарист, то осуда доранд. Онҳо дастаҳои саворони шоҳиро ишора ба ҷанг карданд, ки разми худиву дохилӣ оғоз ёфта бошад.

пешина
аз 411
навбатӣ