Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Фавҷи ба шўр омада гирди ҷасади писарони сипаҳсолор Пармониён тўда заданд ва бар зинҳо хам хўрда ҳар ду танро бардошта ба асбон – Файлотусро ба асби худаш ва Никонорро ба асби саманд бор карда аз лашкаргоҳ бурун оварданӣ шуданд. Аммо сипоҳи итоаткори Искандар ҷилави ононро боздошт ва шоҳ амр кард, то ҳамаашонро ба шиканҷа кашанд.
БАНДИ ҲАФТУМ
Аз ҳама ҷангҳое ки буду шуд, гаронтаринаш ва хунинаш ҳамин ҷанг буд. Зеро дар он пархошҳо душман кушт мегуфтанд, дар ин набард дўст кушт мегўянд. Ва Искандар ҳам хашм мегирифту ҳам нафрин мекард, ки дўстон душман будаанд ва ў фарқ карда натавонистааст. Сари ғазаб фармуд, ки ҳама сўиқасдчиёнро низ сар гиранд. Ҳамчунон шуд: якеро гардан заданд андар кунда, дигареро ҷигар шикофтанд бо дашна. Вале Аминта зинда монд.
Зеро рўзи мурофиаи ҳарбӣ ба суди шоҳ Искандар сухан карда, гуноҳи хеш ба гардани сарфавҷ бор кард. Гарчӣ бўҳтон буд, писанд омад шоҳро. Пасон шоҳ хулоса баровард, ки бо чунин сарфавҷу саркорҳо беҳбудӣ нашавад, коргузорӣ ва ҷо ба ҷогузории одамон ва ҷанговаронро дигар бояд кард. Искандар он рўз хурўши фавҷи савораро дида буд ва талаби мурдаи сипаҳсолорро барои дафн кардан аз ҷониби сипоҳ низ медонист; тасмим гирифт аз нав созад артишро. Фавҷи савори Файлотусро ду қисмат кард ва ба ёрони даврони навҷавониаш Гефестиони зебо ва Клити бовафо дод. Ва он фавҷи асосии артишро, ки сипаҳсолор Пармониён
1 сарварӣ мекард, ба кушандагони ў – гипархҳо Клеандр, Ситалк ва Менид қисмат кард. Ва дигар дўстону ашхоси боварибахшро сари кор гузошт. Аммо дилаш сад дар сад пур набуд баъди чунин кирдорҳо. Андар танаш дарди хоришак пайдо шуд, вале намедонист, ки он хориш дар пўсташ ва ё дар асабаш. Ҳакимону табибон давою дармоне пайдо накарданд, шоҳ хашм мегирифт ба Димитриусу Филипп.
Ва шаби охирини дар дижи навбунёд буданаш зану фарзандро ба ҳарам пазируфт. Вале чандон завқу ҳавасе надошт, ки бо онҳо хушнудӣ кунад. Гераклро сари даст гирифта, ба таври хеш аз ў мадад хост:
— Чӣ балое буд, ки рух дод?
Аммо кўчак на посух дода тавонист ва на завқе кард. Рост ба чашмони падар менигарист ва шоҳ дарёфт, ки шоҳзода норозигӣ мекунад. Такрор кард:
— А, Геракл, чӣ балое буд, ки рух дод?
- Гипарх – сарфавҷи саворон.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо