Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

— Бояд чунин рух медод...
Ба ҷойи писар посух дод Барзин. Искандар писар сари даст хомўш монд ва оҳиста-оҳиста писарро паст фуроварда, сўйи зан нигарист ва ҳайратзада пурсид:
— Ту медонистӣ?
— На танҳо медонистам, балки туро гуфта будам...
— Бале-бале... Воқеан гуфта будӣ... Он тавре ки гуфта будӣ, шуд... Ва чаро пешгириашро нагуфтӣ?
— Низ гуфта будам, шоҳ... Сангинтаринаш дар пеш аст. Наздиктаринон низ бимиранд ва...
— Чӣ «ва»?
— Ва шоҳ бовар накунад ба пешгўйиҳои ман...
— Чаро? Бовар кунад.
— Борҳо гуфтаам ва боз гўям: то даме ки шоҳ бо ман аст, барор гирад кораш ва рўзе ки...
— Донам чӣ гуфтанатро... Муродатро низ.
— Донӣ. Вале ба қадри ҳиммати хеш донӣ. Албатта гўйӣ, ки очаи Геракл хоҳад, ки як умр бо шоҳ Искандар бошад, ба дигар занону гетерҳо нигоҳ накунад, бодахорӣ накунад...
— На...
— Ман донам ҳамаро; ҳатто чӣ гузарад аз зеҳни шоҳ, донам.
Ҳоҷати маро гўл задан нест. Ту шоҳӣ. Ҳар чӣ хоҳӣ, он кунӣ. Ман аз он заноне наям, ки фаҳмидаву нафаҳмида ба руйи шў ханҷол кашам, ки чаро ин корро кардиву чаро кунӣ.
— Донам.
— Агар донӣ, чаро риоя накунӣ?
— Чиро?
— Онеро, ки донӣ.
— Риоя кунам.
— Масалан?
— Масалан туро ҳурмат кунам, Гераклро дўст дорам.
— Ташаккур барои ростгўийат. Донам, ки маро дўст надорӣ, ба хотире эҳтиром кунӣ. Ташаккур. Гераклро дўст дорӣ, кифоя.
Фарзандро дўст доштан модарашро дўст доштан аст.
— Ҳушу ёди ман ин чизҳо набувад, Барзин. Тамоман чизи дигар.
— Инро низ донам.
— На. Он чӣ аз дилу зеҳни ман гузарад, дониста натавонӣ.
Агар донӣ...
— Агар донам чӣ?
— Агар донӣ, таъзим орам туро.
— Кам.
— Агар надонӣ?
— Агар надонам, таъзим орам шоҳро.
— Кам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо