Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

— Пас чӣ бояд кард? Шоҳ бинависад ва пинҳон дорад. Ман гўям. Муқоиса шавад.
— Навиштам.
«Коллисфен.»
Як қад паррид шоҳ ва Барзинро оғўш карду бўсид.
— Чун? Чун донистӣ? Хондӣ магар?
— Шарҳ лозим аст ё на?
— Шарҳ лозим набошад, Барзин. Агар лозим, ман гўям... Шармандагист...
— Ҳаминро низ гуфтанӣ будам, шоҳ. Коллисфен ҳамаро тасвир мекард сархам ва ба ёд мегирифт бисёр чизҳоро...
— Як чашми ман ба Коллисфен буд ва чашми дигарам ба ҳама.
Аз ин рў баъзан суст мешудам ва имкон медодам, ки Файлотус хурўҷу руҷўъ кунад... Бояд ҳама нигоштаҳои ўро бозгирам, вагарна ба фардоиён номи бад монад.
Барзин ба андеша рафт, ки кам рух медод. Баъди мулоҳизаи зиёд магар хулоса бароварда натавонист, ки пурсид?
— Гирифта чӣ кор кунӣ?
— То донам, ки таърихнигор чӣ набишта. Агар хуб набишта, таърих шавад, агар бад набишта, сарашро хўрад.
— Искандар...
— Чӣ мефармойӣ?
— Агар аз гуноҳам гузарӣ, гўям...
— Бигў!
— На. Гўй, ки аз гуноҳат гузашатам.
— Гузаштам аз гуноҳат.
— Тасаввур мекунам, ки шоҳ Искандар як тўбра тангаи холис мебурд. Дар ҷое хайма зад ҳини сафар. Дар он манзил муш будааст. Тўбраро сўрох кард. Соҳиб намедонист ва тўбраро бардошта сафарро идома дод ва тангаҳо аз сўрохӣ раҳораҳ мерехтанд. Чун Искандар хаста шуда буд, вазни тўбраро эҳсос намекард. Ба ҷое расид, тўбраро холӣ дид. Искандар чӣ бурд?
Шоҳ Искандар сар афшонд, мадд кашид ва сўйи Барзин фармуд:
— Дуздӣ будаанд тангаҳо... лекин ман муроди туро дарёфтам. Ишора ба ёрони гаронқадр кунӣ. Лекин онҳо носипосӣ карданд.
— Аз куҷо донӣ носипосии ононро?
— Ман низ ақл дорам, Барзин, мебинам, мушоҳида мекунам, ба мизони ақл бармекашам...
— Дуруст мегўйӣ. Лекин бештар ба овардаи душманон бовар дорӣ.
— Мапиндор чунин.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо