Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Мапиндорам, яқин донам. Ту донӣ, ки Кратер ва Гефестион Файлотусро дўст надоштанд. Аминта ба ҳимояи ҷони хеш он қадар ўро сиёҳ кард. Ва ту бовар кардӣ...
— Хайр! Маро андарз гуфтан омадӣ?!
— На, Искандар. Туро андарз гуфта нашавад. Шоҳ ҳастӣ... Рой турост... Ман ҳамчун модари Геракл туро огоҳ кардам. Тамсили гуфтаамро андеша бикун. Боқӣ чизе нагўям.
Искандар, ки бе гуфти Барзин ҳам шаборўз дар ин боб сар мекафонд ва алам аз бода меситонд, андешамандтар шуд. Пеши чашмаш марди мусофир меомад, ки андўхта дар тўбраи сўрох бардошта мебарад ва раҳораҳ мерезад бораш, вале аз кўфтӣ роҳ пай намебарад, пеш меравад. Тўбрааш тиҳӣ, мечаспад бар дўшаш чун қабои беостин. Осема мегардад ва меҷўяд Барзинро. Барзин аз дари шабистон бурун рафта аз паси дар садои базавқи Геракл меояд. Шоҳ каф ба ҳам мекўбад. Дар боз гашта ба ҷойи пардадор доя медарояд Гераклро аз даст гирифта. Шоҳ чӣ гуфтан ва чӣ кор карданашро надониста, мепурсад:
«Ланика?»
Вале доя чизе нафаҳмида посух медиҳад:
«Ланика.»
Ва Искандар хушнуд гашта, ба пешвози ў меравад ва дасти ўро бўсида мефармояд:
— Ту фаҳмидӣ, ки ман чӣ гуфтам?
— Бале, шоҳ. Номи маро пурсидед, посух додам.
— Ва дар ҳақиқат номи ту – Ланика.
— Оре, шоҳ, Ланика.
— Номи дояи ман Ланика буд ва туро дида, пиндоштам дояи манӣ. Монанд. Шояд ў чун ту ҷавон набошад...
— Ман низ чандон ҷавон нестам, шоҳ,
— То ин вақт куҷо будӣ, ки намешиносамат?
— Бале ман чандон назаррас наям, ки шоҳ шиносанд. Гетер будам.
— Гетер будӣ?
— Оре, шоҳ, гетер будам... Барзин маро чун доя хуш кард, пазируфтам. Зеро солам рафта ва гетерӣ ҷавононро зебанда...
— Гетер будӣ, гетер будӣ?
— Оре, шоҳ, гетер будам...
«Гетер будӣ» чизеро ёд оварда паст гуфт барои худ ва гетер лабханд кард. Ва шоҳро аз андеша дур карданӣ шуда пурсид:
— Шоҳ низ пазиранд доягии маро?
— Оре... Хеле монандӣ ба дояи ман...
Ва каф кўфт шоҳ сўҳбатро кашол надода. Сарпос омад ба дар. Фармуд:
— Коллисфенро бихон. Коллисфени таърихнигорро!

пешина
аз 411
навбатӣ