Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Ангушти дарози миёнаро тирвор дошту дигар ангуштон мушт кард ва бо ангушти миёнаи дасти чап бар ангушти миёнаи нигиндори дасти рости Доро се бор оҳиста-оҳиста зад. Оксафр чандон бефаҳм набуд. Дарёфт муроди ўро, аммо худро ба нодониву бефаҳмӣ зада, китфон дарҳам кашид. Искандар ин дафъа ба ишораи ангушт шоҳи хуфтаро нишон доду ангуши хешро ва боз он ҳаракатҳои аввалро такрор кард. Оксафр ин бор сар ҷунбонд: «Фаҳмидам». Ва Искандар сар ба пушт такон дод: «Чӣ бояд кард?» Аммо ин дафъа Оксафр садо баланд кард:
— Шумо шоҳи ҷаҳон... Рой шуморост...
Кинояи ўро нафаҳмид Искандар ва фармуд Оксафр он нигини шоҳиро аз ангушти шоҳи мурда канда, оварда, ба ангушти шоҳи ҷаҳон андозад.
Оксафр сар андохт ва баъди муддатҳо сар бардошта, гуфт:
— Он кори қассоб ё ҷаллод аст.
— Чӣ гуна?
— Ангушт омосида ва ангуштарӣ бар наояд магар буридан.
Хашм гирифт, ки ёд медиҳад ба шоҳ ин роҳгум. Пасон амр кард:
— Қирёс! Нигин биовар аз ангушти шоҳи порсӣ!
Чун Қирёси ҷаллод шитофт ба ин амалиёт, боз садои Искандар баланд шуд:
— Коллисфен! Бинавис! Руқъае ба хазинадори шаҳри Ҳикмотоно Гарпал:
«Ба расидани ин нома модари шоҳ Дорои Саввум ва писари ў Дорои Чаҳорумро ба ихтиёри бародари шоҳ Оксафр бидеҳ, то дар Эроншаҳр дар маросими тадфини ҷанозаи шоҳи Порс ширкат кунад. Шоҳ Искандар.»
Ва оне ки Искандар гуфту Коллисфен нигошт, Қирёси ҷаллод нигини шоҳӣ аз ангушти шоҳ Дорои Саввум бароварда, пеш оварда, нигарони амру ишораи Искандар меистод. Чун фориғ шуд Искандар нигини шоҳӣ аз дасти ҷаллод рабуд ва мўҳри он пахш кард ба нома ва он руқъаро дод ба Оксафр...
Ва аз он замон шоҳ Искандари мақдунӣ шоҳи думўҳра шуд:
агар нома ба Мағриб нависад, мўҳри мақдунӣ пахш мекард ва агар руқъае ба Машриқ фиристад, мўҳри порсӣ мегузошт.
БАНДИ САВВУМ
Маликуррум савори Бусефали сиёҳмушкин аз мурдаҳои дурўза,
ки аллакай аз гармои бурҷи Харчанг гандида ва бўй карда буданд
ва пашшаҳо рез доштанд, рўй тофта, ба шинухези мурғони бадсурат ва зоғони нав бохабар гашта ва шағолони дуздона қадамзананда нигоҳ накарда, асп тозонд бар асари Бесуси Бохтарӣ. Ягон-ягон пашшаҳои роҳ пеши фўки ўро ғинг-ғинг даргузар мешуданд ва Бусефалро мурда пиндошта, бар гўшу думғозаи он менишастанд ва ҷонвар гўшу фиш ва ё дум ҷунбонида пашшаҳоро меронд ва шоҳи мақдунӣ шукр мегузорид, ки аз он мурғони бадрангу бадрў халос шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё