Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сипас Геракли ба ҷониби ў ҳайрон нигаристаро бағал гирифт.
Дояро аз наздик дида гуфт:
— Ба Тойис монандӣ дорӣ...
— Бале, шоҳ. Шумо маро аз аввал Тойис гуфта будед.
Ва шинохт шоҳ ўро, ки ҳамон вақти ба кулбаи гетерҳо шабохун заданаш номи ўро напурсида буд. Писарро бибўсид. Баргардонида ба доя дод ва гуфт:
— Хуб. Боз сўҳбат хоҳем кард. Ҳоло Коллисфен меояд...
Ва Коллисфени таърихнигор баъди ин қадар даҳшату фоҷиаҳоро дидану мушоҳида кардан дигар даст кашид аз нигоштани афсонаву бофтаҳо, зеро дарёфт, ки умраш кифоя нахоҳад кард барои тасвири лашкаркашиҳои Искандари Мақдунӣ. Ва бо чунин андешаҳо ворид гашт ба толори пазиро, ки шоҳ Искандар андар маснади шоҳӣ нишаста буд чун шоҳ, вале ба ягон шоҳи мамлакати дунё монанд набуд. На мақдунӣ буданаш маълум, на юнонӣ буданаш, на мисрӣ, на бобулӣ, на эронӣ ва на порсу бохтарӣ буданаш. Шоҳ Искандар махсус чунин шакл гирифта буд, то ба таърихнигор Коллисфен аҷиб намояд. Салавот, ҳашамат, ҳайбат, тарзи нишаст (Дастҳо ба муттакои курсӣ кушод гузошта, пой болои пой ниҳода), ҷиддӣ ва махмур нигаристанаш хеле ва хеле ғайричашмдошт буд таърихнигорро. Коллисфен медонист, ки Искандар доност, вале ба ин андоза худро сохтани ўро намедонист.
Шояд баъди фоҷиаҳо ва бетартибиҳо ва гирўдорҳои «дўстон» ба худ омада зимоми лашкар кашида бошад. Ва ё тамоман ба тарзи дигар сипоҳдорӣ кунад, ки нигоранда ноогоҳ монда бошад.
— Дурўду шодбош мегўем шоҳи ҷаҳонро!
Баъди таъзим чунин фармуд Коллисфен, аммо миҷаи шоҳ хам нахўрд ва гўё нашунид.
— Ман таърихнигорро огоҳ карда будам, ки ҳар чизро нанигорад ва нодида ба Мақдуниё нафиристад.
— Ва ҳамин тавр ҳам ҳаст, шоҳ.
— Чӣ тавр, ҳамин тавр?
— Зайле ки писанд ояд шоҳро.
— Чӣ нигоштӣ?
— Хиёнат ва душмании дўстонро.
— Ман гуфта будам ва ё дарёфтӣ?
— Шоҳ фармуда буданд ва ёдам ҳаст, ки онҳоро «саггург» низ ном ниҳода буданд.
— Оре, Коллисфен, ба дўстӣ сифати нав зам карданд онҳо.
– Нарм гуфт шоҳ Искандар, то чизе кашад аз андешаҳои ў ва афзуд: — Вақтат кифоя накунад барои тасвири ин ҳама? Туро шогирде мебод.
— Умрам шояд кифоя накунад барои нигоштани корномаҳои лашкаркаши бузург ва шоҳи ҷаҳон. Бо вуҷуди он шогирд зарурате надорад.

пешина
аз 411
навбатӣ