Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Танҳо халалгор шавад ва асрори рўзгору лашкаркашиҳои шоҳи мақдуниро ба ҳар тараф парешон кунад..
— Ҳммм... – Мадд кашид шоҳ ва пурсид: — Чӣ гуна асрор?
— Масалан асрори душман гаштани дўстон.
— Ва Коллисфен ин асрорро нигошта?
— Коллисфен дар ин ҷо асроре намебинад, балки носипосии «дўстон»-ро мегўяд. Сабабашро нафси бад медонад ва бухлу ҳасад.
— Дар бораи Файлотус чӣ меандешад?
— Он чӣ шоҳ фармуданд: ташнаи тахту тоҷ.
— Ва ту ҳамчун мушоҳидакор, таърихнигор чизе пай бурда будӣ аз ин чизҳо?
— Миш-миши занҳоро мешунидам, зуъми баъзеҳоро медидам, шўридани беҳудаи бархе аз сарфавҷҳоро мушоҳида мекардам, аммо сабабашро намедонистам, чун хурўсчўҷаҳо нўл ба нўл шудани сарбозон ба назар мерасид... Вале гумон накарда будам, ки касе ба шоҳ теғ кашида нигоҳ кунад. Боқӣ шабу рўз сар аз дафтар барнамедоштам ва аз мўй панҷа кардану андешидан тораҳои мўйи сар мечидам аз рўйи коғаз... Ва дар ҳошияи саҳифаҳо менабиштам, ки чунин шоҳу чунин лашкаркаши бузургро гетӣ назояд дигар.
— Аминта...
Шоҳ Искандар ба чӣ хаёл рафт, ки кўтоҳ ном гирифт, аммо таърихнигор чизе нафаҳмид. Наёрист пурсидан. Искандар низ рўшан накард андешаашро. Коллисфен чашмдор буд, то чӣ зояд чунин андешаву хомўшӣ.
— Он чӣ аз зеҳну андеша гузарад, дарёбӣ?
Коллисфен чашмдор набуд, ки шоҳ чунин пурсад, посух дод:
— На. Баъзе чизҳоро тахмин кунам.
— Масалан?
— Носипосии ҳамрикобонро ва таассуфи шоҳро, ки одамро шинохтан саҳл набудааст.
— Аминтаро чун дарёбӣ?
— Аминта ҳамрикоби шоҳ, хубтар аз шоҳ касе нашиносад ўро...
— Дуруст... лекин чун инсон, чун ҳамнабард, чун ҳамсафар чӣ гуна нигоштиаш?
— Ман ўро дар радифи шоҳи ҷаҳонгир нанигоштаам, вале чун ҳамроҳ гуфтамаш: «касе ки ба як нафар хиёнат кунад, ба ҷумла бани башар хиёнат кунад.»
Искандар ба андеша рафт ва дергоҳ чизе нагуфт, пасон мад кашид: «Ҳааа!» ва сар ҷунбонд. Бархоста рўйи фарш гом зад.
Кунҷи лаби чапаш мепарид, ки баъди кушишҳои пай дар пай пайдо шуда буд. Вале Коллисфен бори аввал аз наздик дид чунин ҳолати ўро.

пешина
аз 411
навбатӣ