Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Таги чашм кардааст, оқибаташ ба хайр шавад.
— Магар чизеро аз хосту муроди шоҳ берун нигоштаам?
— Ман ҳоло надонам, ки пас аз марги Пармониёну писаронаш чӣ нигоштӣ, вале пиндорам, ки бо таассуф ва сўзу гудоз ва доду фарёди сарбозон нигошта бошӣ ва бо хаёлу пиндору тахминҳо, ки шоҳ эшонро қасду қасос дошт, чунин рафтор кард.
— Ман, ки овардам ва супурдам шоҳро, то бихонанд ва бигўянд...
— На, ман пораҳои овардаро дар назар надорам. Таърихи куллро дар назар дорам, ки Коллисфен бояд аз хеш мерос гузорад.
— Ташаккур, шоҳи ҷаҳон! Чунин андеша дар сари ман наомада. Агар шоҳ фармоянд, ба хотири бузургиву таърихи Юнон ин корро хоҳам кард...
— Ҳммм... Таърихи Юнон... Мақдуниёро чӣ шудааст? Юнон...
Юнон... Туро барои он овардам, ки саропойи таърих «Юнон»
бошад? Пирўзиҳои шоҳ Искандарро аз зўри бозуи юнониҳо донӣ? Магар дар аввалин набарде, ки мани кўдак андар шимоли Мақдуниё пирўз омадам, юнониҳо забардаст буданд? Магар дар ҷанги мақдуниёну юнониҳо низ юнониён кишвари худашонро ғабсу тасарруф карданд? Магар нигорандагон пеш аз навиштан андеша намекунанд? Ё чунин корҳо ҷавобгарӣ надорад?
— Шоҳо! Ман сари баҳс надорам ва чунин андешаҳои хом ба сарам наомада. Агар шумо гўед, ки таърих масоз ё манигор чунин воқаву ҳодисаҳоро, пархошҳоро, нахоҳам нигошт ва он чӣ навиштаам, хоҳам сўхт. Бо хоҳиши холи бузург Аристотолис омадам, то дар хидмати шоҳ бошам. Ва агар ягон зара майли юнонӣ карда бошам, бо майли шумо шуд. Зеро шоҳ кам ёд карданд Мақдуниёву мақдуниёнро...
— Бадбахт! Касе ватани бегонаро аз зодгоҳи худ боло ва бартар нагузоштааст! Касе хоки ғайрро аз хоке, ки хуни нофаш чакидааст, муқаддас надонистааст! Ин суханҳоро барои наҳ задани кас ё беэътибор донистани хидматҳои ў бофта мебароранд. Ман зардхоки Мақдуниёро бо зархоки буму марзи бегона баробар намекунам...
Маро баъд мешиносед. Дилу нияти маро, меҳру муҳаббати маро нисбати Мақдуниёи азиз пасовандон дарк хоҳанд кард. Рўзе хоҳанд гуфт, ки Мақдуниё як фарзанди ҷонсўз дошт. Дигарон ба хотири ў барои Мақдуниё хидмат мекарданд... Ту ягон зара чунин андеша кардӣ?
— Ман андешаи худамро дар таърихи лашкаркашиҳои шоҳ ҳамроҳ нахоҳам кард. Ман набарду пирўзиҳои шоҳро ва сипоҳи ўро хоҳам навишт... Он чӣ шоҳ мехоҳанд ва он чӣ бо таърихи овардҳои шоҳи мақдунӣ пайванд бувад.

пешина
аз 411
навбатӣ