Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Таърихи Дориюшу Бесус чӣ?
— Ин ҳам пайваста бо набардҳои Искандарӣ Мақдунӣ.

БАНДИ ҲАШТУМ

Шоҳи мақдунӣ андар шаҳраки навбунёди Искандарӣ, Бесус андар Хуросон. Ҳар ду якдигарро хоб мебинанд, вале огоҳӣ аз якдигар надоранд. Искандар иддао дорад, ки кушандаи Дорои Саввумро пайдо карда қасос биситонад, Бесус ният дорад, ки нерў ғун оварда «меҳмони нохонда»-ро аз мулки Порс биронад.
Вале сарбозон аз кардаи Бесус норозианд ва касе намеёрад, ки бо шоҳи худноми Порс Бесуси бохтарӣ ҳамкорӣ кунад. Ҳарчанд ў мехонад, ки ин нияту армони Дорои Кудумон буд ва пайваста таъкид мекард, ки пояш ба Хуросон расад, лашкар фаро меорад, касе гўш накунад ва сарбоз шудан нахоҳад. Зеро Бесус шаҷараи Ҳахоманишиёнро баргусаст, на Искандари Мақдунӣ.
Ва ин користон Искандарро баҳона шуд, то аз пайи гўри гурезон овезад. Вале зимистони замҳарири Ҳиндукуш ўро аз сафар боздошт. Чун баҳор даррасид, лашкари нопурра ва талафёфта дилу бедил роҳи Бохтарро пеш гирифт. Аммо барфи соярўйи кўҳҳои Ҳиндукуш ҷо-ҷо мисли маскаи аз гармо зубгашта мелапид, боқӣ барфи зимистонро аз сар гузаронида ях баста буданд. Аз бими он, ки Бесус андар тангноҳо доми тазвир гузоштааст ва кўҳистони пурхавф ва Бомиён хатари зиёд дорад, Искандар тасмим гирифт, баҳорро дар ин боғи минў гузаронад ва тобистон раҳ сипарад сўйи Шимол.
Чун Бесус роҳ тоза карда рафта ва дар пайи хеш ҳамаро рўфтаву сўхтаву рабуда буд, Искандару сипоҳашро азоби алим пеш омад.
Дар чарогоҳҳо мол наметофт ва дар канори роҳҳо сўзишворӣ.
Гуруснагӣ таҳдид кард ва лашкари мақдуниву юнониро лозим омад, улаву бораи савориро кушта, пухта бихўранд. Тарбоди сарди шабона ба устухону ҷони сарбозон кора дошт ва шоҳ гоҳи сархушӣ сар афшонда тасдиқ мекард, ки гуфтаи «дўстон» ҷон доштааст. Вале чун ба худ омада қаҳрамониҳои хешро аз пеши назар мегузаронд, тунду тез мешуд ва мушт бар девору сутуну зину сари зонуи хеш мезад, ки писари худо андар рўйи замин вуҷуд дорад; ҳарфи касеро ба гўш нахоҳад гирифт. Андар талу теппаҳо ҳарбак мегузаронд ва сарбозони пиёдагардро муҳити кўҳистон меомўхт. Зеро ин кўҳҳо ба кўҳҳои то имрўз дидаву убур кардааш монанд набуданд; ҳавлангез, мудҳиш, махуф ва пурасрору сеҳрнок менамуданд. Барои шоҳи шабрав мувофиқ набуд ин роҳ.
Вале ғуборе ки аз дидбонгоҳи роҳи Арахозияву Паропамис боло шуда буд, машқу тамрини сипоҳи мақдуниву юнониро боздошт.

пешина
аз 411
навбатӣ