Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Тезтак меомад саворе. Ва баробари наздик омадан хешро аз пушти зин ба замин андохт ва сари суҷуд овард лашкаркашро.
— Кушандаи Дориюшро оварданд.
— Бесусро?
— На. Барзаенти балвогарро.
Искандар тааҷҷуб кард ва сафу раддаҳои сипоҳи хешро аз назар гузаронд, боз рў ба пайк овард:
— Шинохтиаш?
— На. Ман ки ўро надида будам. Ҳиндуҳои Арахозӣ гуфтанд, ки ин асир Барзаент бувад. Гоҳи ошўб карданаш ва ҳамроҳи Сотибарзан бар зидди лашкари рум шўриданаш аз бебарорӣ сўйи Синд фирор карда будааст. Ҳиндувон ин кўрнамаки шоҳкушро дастгир карда оварданд.
— Низ биоваред.
Ў таъзим овард ва борасавор пас гашт ва фурсати зиёд нагузашта биоварданд бандиро.
Искандар андар саропардаи хеш ангушт мушт кард, ки чаро ҳокимон, волиён, сатрапҳо, муҳиббон, наздикон, ҳамрикобон ва мансабдорон бадхоҳи шоҳон мешаванд ва сўиқасд ба эшон мекунанд. Сарбоз гоҳе шикоят кунад ҳам, аз пайи нобудии сарварон намегардад. Пешгардҳо, пешкорон исён кунанд, онҳо чун ҳақиқатхоҳ шарик мегарданд, ки шояд беҳрўзӣ пеш ояд. Чун ангехта гарданд, ба обу оташ задани хештанро эҳсос нахоҳанд кард.
Сипаҳсолор реҷаи сўҳбат мекашид ва нақшаи ҳукм. Вале чун ин шайтонро дид, андар Арахозия думак задану хушомадгуфтанҳояш пеши назар омад, димоғаш дуд кард. Ўро шинохт; ҳамон буд, ки аз пазироиаш Искандар бовар карда ба вазифааш аз нав таъйин кард, вале надониста буд, ки ў чанд рўю чанд пўст дорад, ки чунин лоғару сиёҳу афтода метобад. «Тфу!» Ҳатто наёрист ба рўйи ў туф кунад, ба ҳаво туф кард; ба рўйи ҳама бадкорон, ҳама носипосон. Боди сари кўҳ нами аз лаб бурун омадаи ўро пош дод. Нафрат дошт, ғазаб кард, шўрид ботинан. Вале намеёрист чизе гўяд ўро ё пурсон шавад.
«Чаҳорлахташ кунед!»
Бепурсу посух ҳукм кард ва рўй тофт. Гом зад рў ба сўйи Бохтар, ки қотили бузург Бесуси Бохтариро меҷуста бошад.
Вале ҷаллодон намедонистанд ин тарзи кушторро чӣ гуна ба ҷо оранд. Аз ин рў часпиданд ба ў ва моломол доштанд, ки садои шоҳ Искандар омад:
«Сазои касе, ки худовандкуш бошад!»
Ин ҳарф гўшона буд мақдуниёнро низ. То донанд, ки бо думи шер бозӣ кардан хуб набувад. Искандар махсус таъкид кард шоҳкуширо, вале балвою бар зидди лашкари ў шўридани Барзаентро ёдрас нашуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор