Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Сипоҳ пиндошт шоҳ аз ин боб сухан мекунад, таъна мезанад хиёнаткорро. Аммо маликуррум носипосии ўро таъкид мекунад нисбати шоҳи Порс. Шоҳи пурфан ҳанўз ҳам ишора дорад, ки Дориюшро зинда дидан мехост ва бо ў аҳди бародарӣ карданӣ буд. Намуданӣ буд ба Порсу Богдову Маргову Согдо, ки родмард аст, шоҳи одил аст; чунон ки бани одам орзу дорад чунин шоҳи рисолавиро. Ў метавонист хешро ба олам муаррифӣ кардан.
«Чаҳорлахташ кунед!»
Вале намедонистанд чаҳорлахт карданро.
Искандар пеш омад. Фармуд рўйи ўро пўшанд, то набинадаш.
Ҳамчунон карданд. Фармуд ба дастону пойҳои гунаҳгор фитрок андозанд ва ба чаҳор сў кашанд. Бастанд ва нўки фитрок ба кўҳаи зини асбон пайвастанд. Баробари садои рўзбон (ҷаллод) асбонро тозона заданд ва ҷисми рўболои Барзаенти ватанхоҳ аз замин бардошта шуд гўйӣ бар тобут. Чун саворон ситому пошна заданд, асбон ба чаҳор сў кашиданд. Ду лахт шуд ҷисми ў. Дуасба ба ду ҷониб тохтанд. Яке шона канд. Дигаре пою нимтану сар мебурд баъди одамкашӣ. Вале ними тани бесар ҳанўз миёни ду асби ба як самт равон рўдакашол буду хуншор. Бисёриҳо каф ба чашм бурданд, бархе сар андохтанд, то набинанд; садоҳо омад нохуш.
Шоҳи мақдунӣ дарёфт, ки тир ба ҳадаф расида.
Ва аз ҷониби Бохтар гард хест сўйи фалак. Пиндоштанд қасдситон меояд. Вале андар паси теппа ғубори меғосо фурў рехт.
Оне нагузашта боз чанги замин боло шуд ва таковаре расид. Аз димоғи сангсуми ў дуд мехест. Поймарде ситоми асби ў гирифт ва савор бар замин шуд ва таъзим овард Искандарро.
— Фиристодае омада аз ҷониби Бесуси Бохтарӣ.
— Зуд оредаш! – чун номи Бесусро шунид, фармуд шоҳ.
Савора чун расид пеши шоҳ пиёда гашт ва суҷуд карду фармуд:
— Ман аз зулми Бесуси шоҳкуш фирор кардам...
Искандар таваҷҷўҳ кард ин пайкро ва рў овард:
— Дар куҷост Бесус?
— Андар кўҳи Набид.
— Номи ту чист?
— Кобар.
— Куҷойӣ?
— Лидӣ.
— Аз чӣ рў омадӣ?
— Аз зулми Бесус гурехтам.
— Чӣ зулме дорад ў?
— Ў тоҷи шоҳаншоҳӣ бар сар ниҳода, хешро шоҳи Порс эълом карда, ситам бар мардум дорад, аммо тахту пойтахт надорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор