Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Мардум аз пайи ў нараванд. Ошўб хоҳад шуд. Бо андак зўр талаф ёбад.
Шоҳ намедонист бовар кунад ё на. Андешаманд гашт. Пасон вонамуд, ки ҳарфҳо барои ў эътиборе надорад ва Бесус барояш касе нест. «Бало ҷуфт-ҷуфт меояд» мақоли шарқиёнро ёд овард, озмуд: «Кӣ фиристод туро?»
— Ҳеҷ кас, аз пеши худ омадам.
— Бовар намекунам. Ин роҳе нест, ки аз пеши худ биёйӣ.
— Корд, ки бар сутухон расид, кас ба ҳар роҳ меравад.
— Чун?
— Бесус Дорои Кудумонро таъна зада буд ба беҳунарӣ. Худ беҳунартар аз ў баромад. Ҳама рў аз шоҳи худному худком гардониданд. Ман баҳс кардам бо ў. Нафоридаш ва маро куштанӣ шуд. Гурехтам. Рў ба шоҳи одил овардам. Инак пушти ману табари қассоб.
— Оё надонӣ, ки хурўс дар ҳама ҷо як хел фарёд занад?
— Ҳамин тавр, шоҳ, аммо шоҳ аз шоҳ фарқ дорад. Чун донистам, ки шумо кушандагони Дориюшро меҷўед, омадам, то пинҳонгоҳи ўро аён созам.
— Дар куҷост он кўҳе, ки гуфтӣ?
— Дар он сўйи Окс, дар шимолии Богдову Морго.
— Агар рост аст, бурдӣ. Агар дурўғ бувад, мурдӣ.
— Бошад!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор