Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

КИТОБИ ШАШУМ
БАХШИ ЁЗДАҲУМ
БАНДИ ЯКУМ
Канори Окс (Ҷайҳун). Сипоҳи мағлубу талафёфта ва нокомили порсӣ андар канори росту паҳнои рўд нафас рост мекунад.
Парешону осема; гўйӣ чу ашк дар сари миҷгон истода. Ба назар нони хушки хеш тар ба об сохта мехўрад. Гўё чу сипоҳи мақдунӣ андар ағбаҳои барфгир монда, шиканҷа кашида ва аз нобудии нозу неъмат асбони зери рони хешро кушта, хўрда то ба ин манзил расида бошанд. Вале чунон буд, ки Бесуси Бохтарӣ баъди куштани охирин шоҳаншоҳ Дорои Саввум ҳама гулу гиёҳи гетӣ ҳамроҳ мебурд ва хуш мегузаронд айёмро. Ў аз фурсати танг ва бими даррасидану ғофилгир кардани лашкари мақдунӣ ба таҳлука афтода, сарбозонро имкони рўй ба об шустан ҳам намедод. Хаймаву пардасаро, хони айш надоштанд ва ёрои фароғат кардан.
Танҳо шоҳи худном сари санги байни рўд нишаста каргасеро ба хотир меорад, ки сукут варзида лошаеро хоб медида бошад. Сиёҳ.
Ришу мўю пашми сарсинаи аз гиребон бурун омадааш ҳам сиёҳ ва мўйи банди пойи ба об андохтааш низ қатронӣ. Мисли восўхтаҳои ғаддапули дароз, ки баъди убур бо амри шоҳи худноми худовандкуш оташ зада буданд; сўхта ба рўд афтода, ҷо-ҷо дуд мебарояд ва сутунҳои то дами об нимсўхта сиёҳ метобанд чун соқҳои Бесуси пашмин. Гўри гурезон андеша накард; ин пули ларзон, ки вазни асбу сутурон базўр мебардорад, рўзе ба кор хоҳад омад. Аммо мурод дигар: душман нагузарад. На ҳама сипоҳиёнро форид чунин амри ў, ҳарчанд усули ҷанг чунин аст.
Ў бо касе ҳарф намезанад ва нафареро низ пеш намехонад. Гўйӣ ҷангист бо ҳама. Кафки таги шаррок ва рў-рўйи об рафта поёнтар нобуд шударо бодиққат аз назар мегузаронад; чашм медавонад то ҷойи рафта нест шудани кафку қуббаву ҳубобчаҳо. Пештар аз ин ба алангаи оташи пули сўхта менигаристу ба восўхтаҳои рўйи об, ба лахчаҳои сиёҳу хингоб ва ифтихор дошт, ки кори бузурге кунад; пеши роҳи адўро гирад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор