Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Зеро аз Ому убур кардан на кори ҳар нодон бувад.
Ва пароканд хаёли ўро море, ки моҳӣ ба даҳон уреб дошта, майли канор омадан дошт ва андар буни санг нағма карда оҳиста-оҳиста даҳони моҳӣ ба даҳон рост кард ва зўр зада-зўр зада, фурў бурд, ки мисли ҳаво танашро дамонда рафтанаш метофт.
«Тавоно хўрад нотавонро» аз дил гузаронд ва як қад парид, ки ҳамон моҳиро монад. Ба назар фурсати зиёд гузашт ва бояд гурезад. Зеро Искандар то ҳол Дороро думболагир буд, акнун ўро таъқиб мекунад. Чун чашмаш ба асбони тар афтод, ки аксар сиёҳ метофтанд, дарёфт, ки ҳоло фурсати зиёд нагузашта. Посбонҳо ва рўзбонҳо сари мўлаҳои сангӣ роҳ мепоянд, ки аз сўйи роҳи сипарда ғуборе боло мешавад ё на. Оромӣ. Ҷо-ҷо сарбозон сар ба ҳам наздик оварда баногўшӣ мекунанд, Бесус гумонҳо дорад.
Андешаву хаёлҳо мегузарад аз дилу мағзаш ва пиндорад, ки замини зери пояш меларзад ва Ҷайҳун медамад. Фурсати фирор набувад, зеро гоҳи заминларза пой ё ягон узв шиканад, умрбод пайванд нахоҳад гашт. Ба лашкари ночиз менигарад. То ҳол гурезон буд, акнун раҳораҳ сарбоз ҷамъ карданист; агар ихтиёриён бошанд.
Зеро хазинаи шоҳӣ дар дасти ў набувад, ки сарбозони зархарид ё бардаҳо фаро оварад. Аммо сарбозони буда як-як кам мегарданд, ки сабабашро ў намедонад. Намедонад, ки сипоҳиёни ҳақиқӣ чӣ нафрате доранд ба ин шоҳи худному худком. Зеро онҳо ба Доро бовар доштанд, ки пояш ба Хуросон расад, лашкари бохтариву суғдӣ ва масагетиву сакойӣ гирд меоварад. Афсўс... Аз Ардашери IV бўйи шоҳӣ намеояд.
Хаёли Бесус парешон. Зуд-зуд ба роҳи сипарда менигарад, ки ғуборе боло мешавад ё на. Ба раҳбонҳо ва рўзбонҳо чандон эътиқод надорад. Зеро вазъ нобоб ва сарбозон норозигӣ мекунанд.
Инро Бесус аз он медонад, ки меоранд. Дар ҳолатҳои танг ҳам худширинкунакҳо ҳастанд. Ҳолиё саргўшиҳо карда ба санггирди нав ташкил кардаашон ҷамъ меоянд ва шоҳ намедонад, ки чӣ нағмаҳо доранд. Гумоштагон, ҷондорон, ҳамрикобони шоҳ низ чизе намедонанд. Бесус он сў нигашта аҳволи ғайричашмдоштро дид ва дам кард; буғз кард; нигарист сўйи наздиконаш, ки чаро ноогоҳанд аз чунин ҷамъомад. Зеро барои дамгирии зиёд маҷлису машварат пиёда нашудааст ва ҳатто зини асб накандааст.
Ба ёд овард, ки Искандар Дороро «гўри гурезон» номида буд ва шояд ҳолиё ин лақабро ба ў часпонда бошад.
— Саф кашед!
Тару тиҳипо бархост ва мўза ба пой накашида сангпарро ҷаҳида ба соҳил омад. Вале касе ўро эътибор намедод ва амраш ба ҷо оварда нашуд. Балки гирду давра омаданд ва барои шоҳ роҳ кушоданд, то ба ҳалқа дарояд. Аммо шоҳ бозистод ва зеҳн монд, ки ҷондоронаш низ дар саф омадаанд. «Бозӣ... Як бозии номаълум...»

пешина
аз 411
навбатӣ