Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

андеша кард ў; ёд овард, ки чунин бозиҳоро зиёд дида ва ҳеҷ кадоме хушӣ наоварда.
— Эй Кобари Лидӣ! Ту сар кардӣ бозиро?
— Ин ҷо бозие набувад, шоҳи бохтарӣ. – бо ҳамон оҳанг посух дод Кобар. – Мо базм карданием! Зеро ҳоло Ардашери IV тоҷи шоҳӣ бар сар наниҳода ва ҷомаи зарбафти аз тани мурдаи шоҳ Доро рабударо ба дўш наандохта. Чӣ гуна бувад, ки шоҳ аз расмият гурез кунад?
— Мурғе ки шумо пар меканед, Бесус куштааст. Аз ин рў раво набошад бо думи шер бозӣ кардан.
— Бозӣ набувад... – Ҳамроҳ шуд ашрофзодаи бохтарӣ Датафарн. – Ва агар бозист, бозии ҷиддӣ.
— Ёд дорӣ, ки Дороро ба чӣ бадном карда будӣ? – Боз ҳамроҳ шуд Кобар. Вале Бесус аз рафтори ў ғаш кард, ки посух надода фарёд зад:
— Ту чӣ алам дорӣ!? Низ шоҳи Порс шудан хоҳӣ!?
— Чунон ки ту хостиву шудӣ? На! Хуб буд, агар ту даҳон дарронда шоҳи қонунии Порсро бадном намекардӣ, наҳ намезадӣ, балки ҳамагон кўмакаш мекардем ва собит мегардонидем, ки мо низ ватан дорем ва барои ватани хеш ҷон медиҳем.
— Ку ҷон бидеҳ, то дигарон дида пайравӣ кунанд!
— Ҷон додан ба даҳон намешавад, чунон ки ту зиёд гуфтӣ, даъвои зиёд кардӣ; мушт бар сарсина задӣ, ки ҷуз Бесус касе натавонад мулкро ҳимоя кардан. Ҳамрикобонат низ пардаи гулў дарронданд... Вале куҷост он ҳама? Бо пушт ба душман гардонида гурехтан пирўзӣ нашавад.
— Он рўз мо ба ту бовар кардем, Бесус. Ҳатто сатрапҳои он сўйи Ҳиндукуш бовар карда сар бохтанд. Аз кушандагони шоҳ Доро танҳо Бесуси Бохтарӣ зинда монда ва ҳамаро шарманда сохта.
— Туро чӣ расида, Датафарн? Ту, ки ҳамватани ман ҳастӣ...
Бадтар аз бегонагон таъна занӣ. Шояд ту ҳокими Бохтар шудан хоҳӣ? Беҳуда набувад бо Спитамони Суғдӣ унс гирифтанат.
— Спитамони Суғдӣ ор донад дар ин боб сухан карданро.
Нангаш ояд аз даҳмардагўйиҳои ту.
— Ў забон надорад, ки ту ба ҷояш посух мегўйӣ?
— Забон дорад, аммо пастӣ донад забон кушоданро.
— Ин рост аст, Спитамон?
Спитамон пойи бараҳнаи шоҳро нигарист, чизе нагуфт.
Бесус низ нигарист ба пойи хеш ва хиҷолатманд чокаронро (хидматгорон) ҷуст. «Инҳо маро девона мекунанд... Пайдост, ки чокарон низ ҷонибдори адў... Ман он чӣ гуфтам, барои шумо гуфтам. Доро фурўхтанӣ буд шумову ватанро. Барда гардониданӣ буд. Зану духтаронатонро ба сарбозони мақдунӣ супориданӣ буд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор