Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шумо носипосҳо, шумо хомсўзҳо, шумо нодидаҳо, шумо беандешаҳо таъна бар ман мезанед аз рўйи донишу фаҳмиши хеш.»
Ҳолиё низ сарсупурдаҳо будаанд, курсиеро оварданд ва гузоштанд пеши шоҳ, то биншинад ва мўза ба пой кашад. Аммо шоҳи тиҳипо лагад зад курсии сафариро:
— Шумо низ аз қабили онҳоед! Аз сар шона занед, аз так фона!
Магар ман барои шумо ҷонбозӣ накардам?
— На, Бесус! Ту барои хеш ва нафси хеш ҷон коҳонидӣ!
Спитамони Суғдӣ, ки то алвақт хомўш буд, ҳатто ба ишораву кинояҳо сухан намегуфт, тоб наоварда ба сўҳбат ҳамроҳ шуд.
— Вагарна чӣ зарурате буд, ки шоҳро сарнагун созӣ?
— Ту низ ҳушёр бош, бедор бош, то чунин рўз ба сарат наояд.
Зарурат, ҳолат ва муҳити зист ҳама бурду балоро пеш орад. Он замон ҳамаатон шоҳиди давлатдорӣ ва набардҳои шоҳ Доро будед. Норозӣ будед аз сарвариву сарлашкарии ў. Маро пеш андохтеду худро пас кашидед, то ҳар балое пеш ояд, маро расад.
Барои шумо ҷон ба гарав мондам, пеши шумо бадном гаштам.
Шумо кўрнамакҳо! Бо ҳама шоҳон кунед ин корро! Агар шумо якдил будед, агар шумо ватанхоҳу ватанпараст будед, агар шумо гўри падару модари хешро ҳимоя карда метавонистед, магар мақдунӣ хонаи шуморо пахш мекард, оташ мезад? Зану духтари шоҳ Дороро канизу ҳамболин мегирифт? Нааа! Шумо номус надоред! Шумо нанг надоред! Шумо одат кардаед ба бадном кардану куштану фурўхтан. Магар Доро дар ҷанги соҳили Граника пирўз набуд? Пирўз буд! Искандарро гурезонд... Шумо рахна овардед барои лашкаркаши падаркуш! Шумо танҳо гузоштед Дороро!
Шумо ёр шудед ба юнониёни зархариди сипоҳи порсӣ, то Порсро фурўшед, Эронро фурўшед, якдигарро кушта-кушта мулкро бесарвару бесоҳиб кунед ва баъд худатонро, занатонро, модаратонро фурўшед! барои ҳимояи пўсти нокандаи хеш, барои нафси ҳароми хеш, барои ҷоҳу ҷалол, барои айшу нўш ҳамагон ва ҳама чизро арзон диҳед ба душман.
— Ту хушгуфторӣ, Бесус! – фармуд Кобар. – Ба сухан ҷома пўшонӣ, вале қадри суханро надонӣ. Ба сайд дом андохта, ба даст орӣ, аммо сайдро ром кардаву парварда натавонӣ. Инчунин сарбозонро. Ба хушгўйиҳоят бовар карда ҳашт ҳазор саворони бохтарӣ дунболат омаданд, амалатро дида, ихлосашон гашт...
— Бас! – пой бар замин кўфта дод зад, ба санги теғдор бархўрда хуншор шуд. Вале ў эҳсос намекард, ки хун шорад аз пояш. – Ман шоҳам ё ту!? Бохтарии бехирад!
— Мо ҳар ду ҳамин сон бохтарӣ ҳастем, вале яке шоҳ наем!
Шоҳи қонунӣ Искандарӣ Мақдунӣ. Аз рўйи васияти шоҳ Доро валиаҳд ўст.
— Эй бехирад! Кадом сарвар васият кунад, ки душман ҷойнишинаш гардад? Ту ақл дорӣ? Фаросот дорӣ? Ин ҳама бофтаи ману ту.

пешина
аз 411
навбатӣ