Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Барои хешро ба Искандар ширин кардан чунин бофтаҳо баровардем. Вагарна Искандар Дороро дастгир карда зинда ба зинда пўст канданӣ буд. Ҳолиё ба баҳонаи кушандагони Дорои Саввумро дастгир кардан сўйи Шимол меояд. Наход шумо, гумроҳон, нафаҳмед, ки чун Искандар шоҳи маккоре нарўяд дигар.
– Дарди пойро фаромўш карда меафзуд Бесус: — Ҳолиё ду бохтарӣ аз хубиву бадии шоҳи мақдунӣ баҳс мекунанд. Оё намедонед, ки қасди ў то Истахрро гирифтан буд. Вале ў Оби Ҳаётро баҳона карда то Офтобнамо омаданист. Ғараз ҷаҳонгирист. Донист, ки мо нотифоқем, донист, ки мо сари якдигарро мехўрем; дид, ки чизе наем, бо дасти адаб кишварро ба душман медиҳем; гўри падару модари хешро лагад мезанем; якдигарро чашми дидан надорем; худро бо дасти хеш мекушем – ҳоҷат ба теғу туфанги душман набувад... Худ надонем, ки кистем... Ва ман ин ҳамаро дониста, аз номи шумо садо додам, шумо маро сарзаниш мекунед. Ку! Бароед!
Ягон багурда! Ягон говҷигар! Ягон бонанг ҳаст?!
— Нўлпоккуниро чӣ заруратест? Мурғи минқор ба мурдорӣ зада покдон нашавад.
— Ту низ даъвои шоҳ шудан дорӣ, Спитамон! Вале беҳуда.
Туро чӣ нисбатест бо шоҳони эронӣ?
— Чунон ки бохтариро нисбатест, суғдиро ончунон нисбатест.
Хеши дури Доро.
— Ҳааа... Ба шунидам, домоди Дорои Кудумон... Агар даъвои шоҳӣ дорад, занат бояд даъво кунад...
Сахт расид ин ҳарф Спитамони суғдиро. Зеро дар таомули суғдиён аз зан ном бурдан ё занро дар миёна даровардани марди бегона раво набувад. Спитамон аз чунин бефаросотиву бехирадӣ ва қасдона гуфтани Бесус шўрид, вале ғазабашро фурў нишонд, ки шоҳи сохта авбоше беш нест.
— Хуб аст, агар маҷлис оройӣ ва тоҷи шоҳӣ бар сар ниҳӣ, ҷомаи шоҳӣ ба бар гирӣ, то туро шиносанд ва гўш ба ҳарфат диҳанд. Вагарна ботил бувад он чӣ мегўйӣ. Зеро касе туро шоҳ нахонда ва чун шоҳ нашинохта. Ва ту натавонӣ касеро ҳукм баровардан ва ё ҷазо додан. Магар чунон, ки бо шоҳ Доро кардӣ!
— Забони туро бояд бурид, Спитамон! Зеро ҷавонӣ ва даъвои зиёд пеш хоҳӣ овард.
— Ман даъвое надорам. Ҳавасу ҳуқуқи шоҳ шудан ҳам набошад маро. Аз ин рў моро зарур бувад, то якпорагӣ пеша кунем.
— Мехоҳӣ моро гўл занӣ?! Бо чунин касон, бо чунин сарбозони ланг магар якпорагӣ кардан имкон дорад? Аз якдил будан андеша ҳам накун. Чунон ки арз кардам, моро ба нобуд сохтани якдигар офаридаанд.
— Моро на, Бесус! Туро!
— На! Моро! Агар ман бо ёрии шумо як нафар куштам, шумо садҳо хоҳед кушт... куштан дар пеш аст. Зеро гумони ботил доред, ки шоҳи оламгир Искандари Мақдунӣ шуморо пирўзӣ бахшад?

пешина
аз 411
навбатӣ