Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бахт орад?… Умедатон ба он шоҳи рисолавист.
— Мо медонем; он чӣ аз Бесус расад, аз Искандар низ он расад:
ҳубоб, ки нуса андарун дорад. Дигар ҳеҷ.
— Гуфтам, ки забони туро бояд бурид, Спитамон!
— Осуда бош. Замоне хоҳад расид, то забонамон бибуранд.
— На! Ман бояд забони туро бибурам... Ҷаллод!!!
Касе наҷунбид аз ҷой. Амр иҷро нашуд. Бесус пиндошт нашуниданд ё садояш набаромад.
— Ҷаллод!!!
Баландтар аз пештара буд ин садо. Вале боз касе рў наовард.
Пасон шамшер пуршаст аз наём кашид:
— Ҷаллод!!!
Посух ба садои шоҳ шамшерҳои дигар охта гаштанд. Баъзе аз онҳо шуоъйи хуршедро мунъакис карданд, вале сайфи ҷаллодон набуданд. Шамшерҳо аз касоне буданд, ки шоҳро гирд гирифта буданд ва баҳсу талош доштанд.
Бесус дарёфт, ки тиҳипост ва тоҷ ҳам бар сар надорад. Механданд бар ў. Тамасхур мекунанд. Андар домани рўд ва атроф сипоҳ бепарво дам мегирад, гўйӣ воқиф набувад аз кирдори шоҳ.
«Сипоооҳ!!!»
Садои Бесус. Ларзон баромад. Ба д-он монад, ки гоҳи ҷонбаройӣ васияти ларзон кунанд. Вопасин нафаси умедканда. Ва шояд аз рафтору гуфтори ҳамсафон гумон карда бошад, ки дигар умеди зиндагӣ набувад, ягона роҳ сарбозонро амр карда, ба по хезонидан аст. Аммо гўш намедиҳад сипоҳ.
«Сипоҳ, бишнав амри маро! Ҳар кӣ ҷонибдори Порсу Эрон аст, рахти сафар бандад, сўйи Суғд хоҳем рафт!»
Сипоҳиён ба ҷунбиш даромаданд. Ғалмағал шуд. Саф-саф ҷудо гаштанд, ба сафоройӣ монанд набуд. Бал гурўҳбозиро мемонд.
Садои дигаре омад:
«Зудтар! Искандари Мақдунӣ барои сари Бесуси Бохтарӣ хазинаи Порсро гаравгон мондааст!»
Садои Кобар буд, ки заҳр мезад Бесусро.
— Бигиред ин ҷосуси лидиро! Зинда пўсташ канед!!!
Аммо касе набуд, ки амрро ба ҷо орад.
— Ай саворони бохтарӣ! Куҷо шудед!?
Низ посухе ё ҷуръате набуд аз ҷониби сарбозон.
Бесус ҳамон зайл бараҳнапой сўйи Сиёҳмушкин омад. Саисе бовафо, ки ҳанўз аз шоҳ бадӣ надида ва ё наранҷида буд ва чун саворони бохтарӣ ба хотири ҷониби Синд рафтани Искандар умед ба шоҳ Ардашери IV баста буд, Сиёҳмушкин пеш овард ва рикоб дошт, то шоҳ пушти зин ояд. Ҳамчунон Бесус пушти зин омад ва шамшер охт: «Сўйи Суғд!»

пешина
аз 411
навбатӣ