Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Саворон ягон-ягон меомаданд ҷониби ў. Дигарон инон сўйи дигар метофтанд, ки Искандар аз Бомиён гузашта; моро амон надиҳад, хуб аст, агар назди табори хеш зинда равем.
«Суғдиён! Саф ороед!!!»
Спитамон низ аз пушти асбаш пой бар рикоб тира карда овоз баровард. Суғдиён зуд гирд омаданд ва Спитамон ҳарфе нагуфта, фавҷи хеш рў ба Шимол гардонд.
Бесус чандон аз Спитамон наранҷида буд, ки аз саворони бохтарӣ ва аз Кобар. Кина гирифт бар ў. Дуздида – дуздида теғи нигоҳ мекард сўйи ў, вале илоҷи ба даст оварданашро намедонист. Дандон соид чун шағоли олуғда, кина гиреҳ зад андар сари дилаш. Ва ба паҳно нигарист, ки аз баландии сари зин дунё, дарё, сипоҳ, фавҷҳо, сарбозон ва ҳатто душманони ҳақиру бечора дигаргуна метобанд. Хурўшид ботинаш, тез шуд хунаш ва савори Сиёҳмушкин дашна дар даст тохт бар Кобар овард.
Ўро боздоштанд.
Фавҷи суғдӣ бо роҳе рафт, ки набояд мерафт. Барои Бесусро гўл задан он сў рафт. Вагарна ҳамфикрон Датафарну Кобару чанд тани дигар ҳамроҳи шоҳ монданд. Гўйӣ дар ҳамин паҳно Ому ба шохобҳо ҷудо шуд ва шўру ҳашамату бузургии хешро гум кард.
Лашкари хоболуд аз бими он ки сипоҳи Искандар даррасад, тезтак чанги заминро бароварда, ҷониби кўҳи Набид раҳ сипард.
Бим дар вуҷуди Бесус пайдо гашта буд ва ин таҳлука ҳамаро сироят кард. Ҳатто Кобару Датафарни бохтарӣ, ки ҳамроҳи шоҳи дурўғин рафтанро нанг медонистанд, беихтиёр аз пайи сипоҳи раҳгум равон шуданд. Гўё таваккул ба худо карда мерафтанд.
Ва гоҳ-гоҳе асбон ба ҳам наздик оварда саргўшӣ мекарданд ва боз дур мешуданд. Зеро медонистанд, ки Бесуси бадтол дандон дорад ба онҳо, вале илоҷ надорад. Умед бар он доранд, ки шояд аз амри ноҷойи шоҳи нохонда косаи сабри сипоҳ бишканад ва якбора шўранд бар ў...
Ба назар хомўшии сипоҳ чун пуфаки дамида буд, ки неше аз ин хорҳои сари роҳ бар он расад ва хори мағелону шутурхорҳои биёбон бар он часпад, бояд бикафад. Дуруштии реги Ому ва биёбони пурчанг ва талу теппаҳои роҳи ғарибкуш дилгир метофт ва хеле вазнину гарон сипоҳро. Бавижа сипоҳи гирифта ва дар худ пўсидаву гандидаро. Артиши шикаставу коставу нимбисмил ва ҳолиё номуроду бемақсад, ки барои кӣ ва барои чӣ роҳ паймуданашро намедонист, чун сангпуштони рамида аз бими душман сар миёни шонаҳо фурў дода, танҳо барои роҳро дидан каме гардан ёзида ҳаракат мекард. Вагарна имкон меёфт дар ин биёбони тафсон чун тухми сангпушт зери рег мешуд.
Силсилаи кўҳҳо, қатори теппаҳо марзи ҳар водӣ буданд ва чун кўҳу кўҳаи нори бўр метофтанд. Ҳаррои фараси Бесус, ки раҳораҳ ҳунармандон оро дода буданд, дар ин роҳи ноҳамвор садо баровард; ғиж-ғижаш ба гўши шоҳ намефорид, аммо ҷойи сухан набуд.

пешина
аз 411
навбатӣ