Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Гумонаш касе ҳарфашро гўш нахоҳад кард ва аламаш
1 меояд: устовони камҳунар гоҳи тарошидан ва васл кардани ҳарро аз пўсту пайи ҳайвонҳо хуб истифода накардаанд ё осема шудаанд, ки дар муддати кўтоҳ нағма баровард зин. Ба назари Бесуси беқарор сўҳоне рўйи тори асабаш мелағзад, ў бо ин олоти асабхўр коре карда наметавонад; ҳатто ҳанг ё нерўе надорад, ки ин бори сангинро бардорад ё фармояд, бардоранд. Ба зарбу оҳанги суми асб сўҳон арра мекунад, то дарди дандон бозмонад, аммо фузун мегардад лату озораш. Беихтиёр кунҷи лабаш мепаррад; асаб бозӣ мекунад. Вале ягон чиз ба хотири ў намеояд; ҳатто намедонад, ки ин сўҳону арра аз куҷост ва чаро?
Миёни дастае меравад, ки ба ў бовар мекарданд; ў низ ба онон бовар дошт. Ҳолиё ду тараф ба якдигар бо шубҳа менигаранд, ки бовар мекарда бошад? Ба чашми якдигар нигоҳ карда наметавонанд ва ё аз якдигар чизе пурсидан имкон надорад. Муаммои сарбаста. Бесус медонад: рахна дар эътиқоди эшон пайдо шуда. Аммо сабабаш рўшан набувад. Аҳли рикобаш дудилаанд:
бо ў ҳастанд; бо ў нестанд. Чун шоҳ забардаст гардад, онҳо ёри шоҳанд. Чун зердаст шавад, ёрон душмани ўянд. Танҳо ба хотири он ҳамроҳи Ардашери IV мераванд, ки агар Искандар ба ин мулк наояд, Бесус шоҳи Порс хоҳад монд...
Сари Бесус занбўрхонаро мемонд. Баъд чўбкаду шуд. Ҳолиё мисли кулаҳхўди фулузиаш сарду гарону беҳис. Фикр карда наметавонад. Мағзаш низ оҳанист. Ягон-ягон симои шоҳ Доро:
айшу нўши ў, базмҳояш, бепарвоиаш, тарсўиаш, ноҷавонмардиву беҷасоратиаш ва давлату савлатхоҳиаш, тахту тоҷпарастиаш пеши назар меояд ва рад мекунад, ки худи ў чунон набувад. Ягона бувад ва нотарсу ҷасуру родмарду худрой. Сар меафшонад ба сони мурғи аз об бурун омада, то тариву гаронӣ афканад. Вале гаронтар мешавад бораш. Пой бар рикоб тира карда вазни хешро донистан мехоҳад, лекин пай намебарад, ки вазн дорад ё на. Баъд шинухез мекунад пушти зин, ки ба лангару сум задани асб мувофиқ бошад. Аммо дигарон рафтори ўро пай бурда, пиндоранд, ки васвос шудааст. Нигоҳ ба касе надорад, ҳарфе намегўяд; якрост ба пеш менигарад ва сари рикоб аст, дунбаи рехтааш ба муттакои товусии зин дакка мехўрад. Ба якдигар нигоҳу имову ишораҳо мекунанд ҳамраҳон, ибо аз чизе доранд. Яқин аз ҳолати шоҳ: ба назар хўса мебарад сипоҳи шикастхўрда, ё сарвари мурдаро пушти зин зинда ороста. То адў огоҳ набошад аз шикасту фавти шоҳ.
Душман надонад бохти артиши Бесусро.
- Ҳар – зини пурнигор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор