Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ў гоҳ-гоҳ хона равшан кунад чун бемори сари сакарот; ба худ омада аз дил гузаронад, ки куҷо раванд? Ҳеҷ чиз дар ёдаш нест. Пас аз худ суол кунад: «Куҷо баранд?» Боз чизе надонад.
Сарфаҳм ба чизе наравад. Сар таконад аз нав. Ногоҳ даст сўйи кўҳҳо тир кунад. «Ба пеш!» Мазмун дорад ишораи ў, аммо гуфта наметавонад. Ононе ин ишораро дарёбанд, ки борҳо дидаанду шунидаанд.
«Навииид!!!»
Садои мастонаро мемонд. Аммо ў беҳушона ово дод. Ҳайрон монданд, ки сарвари хуштолеъ шурби шароб надорад ва чаро чунин кунад. Хешро ё ба девонагӣ занад ва ё ҳамаро шикебойӣ озмояд.
«Нидооо!!!»
«Девона шудааст шоҳ...»
Бисёриҳо мегўянд паст. Аммо барои Кобари ин калимаҳо ноошно ҳайратовар аст.
— Чӣ мефармояд?
— Ў номи кўҳеро мегўяд, – шарҳ медиҳанд ба ў. – Кўҳи Навид; номи дигараш – Нидо. Кўҳест, ки ҳар чӣ, гўйӣ бозгардонад. Ба он ҷо расида манзил карданист.
— Боз чӣ хосият дорад он кўҳ?
— Тангно бошад ва душворгузар ва душманро доми хуб.
— Ҳа-а-а...
Барои Кобари Лидӣ ҳамин маълумот лозим буд. Ситоми бораашро кашид. Асб сар баланд бардошту даҳона хоид ва гўшҳояш сих гашта, пой суст кард. Гашташ дигар шуд ва асбони дигарро пеш гузаронд. Баъд савор ба баҳонаи дашт асб паси теппа ронд ва аз пойи сипоҳ монд...


Кўҳи Навид. Кам касон аз тангнои он воқифанд. Азбаски сатрапи Бохтар Бесус гоҳ-гоҳе дар ин кўҳҳо ба шикор мебаромад, ҷойи хуб буданашро медонист ва ҳолиё мехост андар макони хушбод, дур аз роҳи калон хайма занад. Ў хуб медонист, ки бо чунин ёрон ва бо чунин сипоҳ ба ҷое расидан ва ё лашкар фаро овардан амрест муҳол. Аммо барои роҳату фароғат ва аз чашми душман пинҳон шудан ин манзил беҳтарин бувад. Роҳи тўлониро паймуд. Аз ҳамраҳу ҳамрадаву ҳамрастааш кӣ омаду кӣ нарасид, намедонад. Танҳо мебинад, ки Датафарни ҳамдиёраш бо вуҷуди ин қадар пасту баланд гуфтанҳо аз ў ҷудойӣ надорад.
— Ту чаро ҳамроҳи Спитамон нарафтӣ? – чашм танг карда пурсид Бесус.
— Спитамон барои ман ҳамнабард бувад. Бесус – ҳамдиёр, пасон ҳамнабард.

пешина
аз 411
навбатӣ