Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

— Инро ки донӣ, чаро андар канори Ҷайҳун тую ман кардӣ?
— Охир айби якдигар чун оина рў ба рў мо нагўем, кӣ гўяд?
— Ту рў ба рў нагуфтӣ. Миёни сипаҳбадону сатрапону сипоҳ шарманда кардӣ маро. Магар наметавонистӣ, ки бо ман гўйӣ?
Танҳо ба танҳо гўйӣ?
— На! Агар танҳо ба танҳо гўям, бовар накарда будӣ. Ғараз пиндоштӣ. Чунон ки фармудӣ: ман ҷоҳталаб будам. Ғарази ман дигар буд: пеши бегонагон туро нотавон ва тарсу дидан нахостам.
Хостам донанд, ки ту тарсу найӣ, танпарвар найӣ. Ватанхоҳ ҳастӣ, ватанпараст ҳастӣ. Барои мардум ва кишвари хеш ҷон диҳӣ. Ва онро бояд аз омадаҳо, аҷнабиҳо, ситамгорон, мустабидон ҳифзу ҳимоя бикунӣ!
— Ҳанўз ҳам маро нашинохтайӣ, Датафарн! Ман агар Дороро накушта будам ва сари роҳи Искандар наниҳода будам, ҳолиё ин мулку макон зери наъли асбони юнониёну мақдуниён дуд мекард.
Аз Моргову Богдову Согдо нишон намонда, кишвари мақдуниён шуда буд. Ҳама забони модарӣ гум карда ба юнонӣ ҳарф мезаданд.
Ту зинда будӣ ё на... Аммо зану фарзандат навкар гашта, худат ё поймарди эшон будӣ ва ё куштаашон.
— На, Бесус! Чўҷаро дар тирамоҳ шуморанд. Хаёл яке, амал дигаре, натиҷа ҷудогона.
— На. Ҳама яке. Ва ҳама инсонҳо як чиз хоҳанд: дунё аз они онҳо бошад. Касеро дучор наомадаам, ки ба кам қаноат карда бошад; аз набуда шукр гузорида бошад. Магар шумо пиндоред, ки ман костахирадам, ақлбохтаам ва ҳарфи гуфтаамро сарфаҳм намеравам. Нааа... Ман ҳамаро сарфаҳм меравам. Ҳама чизро медонам. Метавонам дар як он аз баҳри ҳама чиз бароям. Лекин оне ки ба ҷойи ман менишинад, хубтар нахоҳад буд. Чунон ки ба гуфти шумо, ман ба ҷойи Доро нишаста хубтар нашудам.
(Датафарн сухани ўро бурида, ба ҷойи шоҳ Доро нишастанашро рад карданӣ буд, аммо худдорӣ кард, зеро ў иқрор мекард ба нотавонии хеш) Хаёл мекунед, ман чени шумо ҳушу ёд надорам?
Дорам! Аз шумо зиёдтарашро дорам, лекин худдорӣ мекунам. Бо одам мубориза мебарам. Кадоми шумо дарку фаҳм кардед, ки аз ҷабри Дорои танпарвари ишратхоҳ раҳо ёфта, ситоми сипоҳ ба даст бояд бигирад. Ақли ман гирифт ин чизро. Лекин дер шуд.
Зимоми давлатдорӣ ва ватанхоҳиро андар рўдбори Граника ба даст овардан лозим буд... Ё дар Йусус ё дар Говгомол... Мо он вақт ҳам ҷудо-ҷудо меҷангидем, ҳоло низ ҷудогона ба чизе соҳиб шудан мехоҳем. Ин одати шарқиёна: ҳоло ки пойи маро пахш накардааст, сари маро нагирифтааст, осудаам. Ҳоло ки туро мекўбад, ҷони ман дард намебарад. Ҳоло ки зиндаам, худо подшост.
— Мо Дороро куштем, Бесус; ба хотире куштем. Агар моро мекушанд, низ ба хотире мекушанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор