Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

— На, ҳамдиёри ман. Моро кушта наметавонанд. Лекин мо маҷбур мешавем, ки худкушӣ кунем. Зеро дигар роҳ намемонад.
Гоҳе ки сари варта танҳо бимонӣ ва бубинӣ, ки пас гаштан имкон надорад, дар зарурат хештан ба зер биандозӣ.
— Хас каму ҷаҳон пок.
— Оре. Лекин агар он хасҳо раддаву барбаста шаванд, чапар мегарданд. Пеши чашми душманро мегиранд.
— Ҳамин тавр бояд мешуд, аммо нашуд.
— Чаро?
— Инро Бесус бояд донад...
— На... инро Датафарн, Спитамон, Кобар ва чанде дигарон бояд донанд, ки ҳаммаслаканд.
— Шояд...
— Чӣ гуна «шояд?» Ту низ бояд донӣ. Бояд донӣ, ки то чӣ андоза чашми дидан надоред маро.
— Ҳар кӣ расондааст ин матлабро, дурўғин гуфтааст. Агар муроди Спитамону Кобар нобудии шоҳ буд, ҷудо намешуданд...
— Чӣ гуна ҷудо?
— Кобар дар нимароҳ ғайб зад. Спитамон бо фавҷи хеш роҳи Суғдро пеш гирифт, ки аз тори кўҳҳои Ҳисор бигзарад.
— Ва ин чӣ маънӣ дорад, ҳамдиёри ман?
— Ба назари ман ҷангҳои бемаънӣ ва бенатиҷа ба дилашон зада, пазмони ёру диёр гаштаанд.
— Магар Кобар ба Лидия баргашт?
— Чунин матлабро нагуфтааст. Баҳонааш «дашт» буд. Рафту наомад. Ё мо натавонистем ўро мунтазир шавем.
— На! Ин ҷо асрорест! Ту ниҳон дорӣ!
Яке шунид, ки садояш аз дур меояд. Чунон ки касе талха диҳадаш. Гўш дод. Хомўшӣ буд. Пас сўйи Датафарн сар такон дод.
— Садои кўҳи Нидо...
Бесус қаноат кард, ки воқеан кўҳ чунин хислат дорад, вале аз чунин дурӣ набояд ҷавоб гўяд. Мазмун, хеле сахт садо кардааст.
— Спитамон чӣ мехоҳад? – ягона каси ба сарварӣ сазоворро дар симои ў мехонад, дилаш раг мезанаду кина мегирад ба Спитамон ва кўшиш дорад, ки аз ҳамдиёраш чизе дарёфт кунад, аммо Датафарн хешро гўл мегирад:
— Спитамон кўдак набувад. Чун шоҳ Бесус сухани гуфтааш ва кори кардаашро андешамандона мекунад. Ва ў касе нест, ки барои тоҷу тахт мубориза барад. Ягона муродаш ин аст, ки кишвару мардумро ҳифзу ҳимоя кунад.
— Пинҳон медорӣ розҳои ўро! Кадом волӣ нахоҳад, ки шоҳ бошад?
— Ҳар кас шояд хоҳад, аммо Спитамон аз ин хусус чизе нагуфтааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор