Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

— Ман ўро... Ман ўро... Охир ман шоҳ ҳастам! Амри онҳо дар даҳони ман аст. Ман дастур диҳам, ў сатрапи Суғд хоҳад монд ва агар рухсат надиҳам, ў касе нест!
Датафарн чизе нагуфт, ҳарчанд ки гуфтаниҳо буданд. Дергоҳ худдорӣ кард. Бори дигар ҳама шунидаву дидаҳоро аз зеҳн гузаронд, вале посухи ба ҳарфи Бесус нўги забон омадаро гуфта натавонист. «Охир ҳаққу ҳуқуқ надорӣ, Бесус! Чаро даҳмардагўйӣ кунӣ?» ва ин замон беихтиёр чунон ҳаракате карда аз шоҳи худном рўй тофт, ки аслан барои вай вуҷуд надошта бошад.
— Гумонат, ман кӣ будани шуморо намедонам!?
Суоли ғайричашмдошт ва тунду тези ў оҳанги таҳдид низ дошт.
Датафарн ҳамчуноне ки аз шоҳ рў тофта буд, баргашта ўро нигарист; чашм нимкоф карда:
— Пиндорӣ, мо кӣ будани туро намедонем? Кадом роҳзан шоҳ шуда, ки ту шавӣ?
Бесуси аз восўхта сиёҳтар гашта моту мабҳут ба ҳамдиёраш нигарон монд; чӣ гуфтанро надониста ба атроф чашм чаронд ва каф кўфт. Ба умеде каф кўфт, ки ёрону ҷондоронаш чун ҳарвақта бо амри шоҳ мерасанд. Ва омаданд ҳам. Ҳафт тан омаданд. Датафарнро на, шоҳро дастон пас тофта бастанд ва ба замин пасрў хобониданд.
— Эй нобакорон! Ўро бигиред! Ўро бубандед! Датафарнро, Датафарни носипосро, хоинро! Ман шоҳам! Шоҳи Порс! Бесуси Бохтарӣ! Ҳар неку баде кардам, барои шумо кардам. Барору нобарории кори ман аз шумо вобаста буд, чаро шумо ҳама ҷурмро ба сари ман бор мекунед, ки ҷангро ман бохта бошам; кишварро ман ба дасти душман дода бошам; Искандарро ман дар хонаам меҳмон карда бошам! А, чаро? Гўсола чаппа ояд, сари говро мегиранд, ки ҳаром намурад. Шумо низ чунон кунед бо ман. Аз куштан ё накуштани мо Дороро ҳеҷ сиёҳе сапед нагардад. Зеро мо кайҳо ҷангро бохта будем...
Сухани Бесус тамом нагашта ва ҳукме набароварда гурўҳе пардаи саройи ўро бардошта якбора тохт оварданд ба фароғатгоҳи ў ва саркардаи ниқобпўш сухани шоҳи худкомро идома дод:
— Аз будан ва ё набудани ту низ ҳеҷ сиёҳе сапед нагардад.
Бесус лаҳҷаи ошноро шинохт, аммо ҷуръат накард, ки номашро гирад. Мадд кашиду ришак ва аз дил гузаронд, ки рўзе шаваду ин нобакор ба дасташ афтад, чӣ кор карданашро медонад.
— Ту Спитамони Суғдӣ найӣ?
Посух наёмад. Бесус гўш дод, ки касе чизе мегўяд, аммо садое шунида нашуд. Ва Бесуси рў ба замин яқину аниқ карданӣ буд, ки соҳиби овоз кист:
— Ту нагўйӣ ҳам мо медонем, ки Спитамон ҳастӣ. Армони деринаат буд, ки шоҳро сарнагун созӣ ва шоҳ шавӣ. Вале дониста бош, ки касе туро «Зиҳӣ шоҳ!» нагўяд, зеро ту аз наҷоди шоҳон найӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор