Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

«Клит гум, Клит. Ман, ки ўро ба Хазар фиристода будам, барои...»
Ба ғубори суми асбони талоя наздик омаданашро дониста, инони Бусефал кашид ва риштаи фикраш канда шуд. Ковок бар зин шуд ва нигарист ба пушт, ки фавҷи мунтахаби шоҳӣ менамояд, боқӣ ҳама зери ғубори тўлонӣ мондаанд, ки аз дуриҳо ҳам он бурҷу сутуни абросоро дидан имкон дорад. «Ҳар кӣ қасд бо ман кард, сари хеш бихўрд... Ва ҳар кӣ қасд дорад, паст хоҳад шуд.»
Аз дил гузаронд Искандар ва як-як қасд кардаҳоро ёд овард; шоҳ Файлақус истисно набуд. Пармониёни сипаҳсолор, Дорои Саввум ва бисёр касоне, ки садди роҳи ў мешуданд, ҳаққашонро гирифтанд... Ва ҳоло зиёданд онҳое, ки ба зеҳнаш намефоранд.
Ҳолиё Файлотуси пури сипаҳсолор сахт намефорад ўро. Пиндорад, ки ў рўзе қасд ситонад. Гумонаш Файлотус огоҳ нест аз кирдори шоҳ, аз ин рў сухан намекушояд аз боби фавти падараш.
Искандар ўро зери назар дорад ва гоҳ-гоҳ теғи чашм карда нигаристанашро мебинад ва ҳар ду чун мушу гурба якдигарро мепоянд, аммо гумон доранд, ки худ донаду ў на. «Ин каждум рўзе неш хоҳад зад» аз фикр гузаронд Искандар ва кина гирифт. Пас аз муддате хулоса кард, ки дар ин роҳи беохир фикраш садсола шуд.
Танҳо гоҳи набард ў ҳама чизро фаромўш мекард ва ҳозирбин мешуд, боқӣ тамоми роҳ меандешиду роҳҳо меҷусту хулоса мекард ва то гирифтани Эроншаҳр кўшиш дошт касеро аз ҳамрикобон ё ҳамсипоҳон наранҷонад, агар тавонад, ба душман низ некӣ кунад.
Вале баъди сипардани биёбони пуршиканҷаи моварои Эрон дигаргуна шуд. Гўиё ақлаш, фаросаташ, донишаш, таҷрибааш то ҷое расид, ки сухани касе ба гўшаш намефорид ва агар он ҳарфу ақида зидди андешаву фикру хоҳиши ў бошад, бадтар аз тир мерасид. Пармониён ҳадафи тири чунин кибру ғурури ў гашт.
Баъди воқеаи сипаҳсолор бисёр касон дигаргуна нигоҳ мекардагӣ шуданд ба ў, бавижа Файлотус ва ҳамрикобони ў. Фарогўшиҳо зиёд шуданд. Ҳамаашро Искандар мебинад. Агар набинад, ба ў расонанд. Баъд ў мехурўшаду ситез мекунад, ки вулқон надорад чунин ҷўшу ҳароратро. Ва пеш рафтанаш низ аз ин рўст.
— Ман бояд ҳамроҳи гардунаи ҷанозаи Дорои Саввум мерафтам.-инон ба инон шудани ҷўрааш шоҳзодаи мисрӣ Биталомусро дида фармуд Искандар.
— Бояд мерафтӣ, аммо нарафтӣ, – ҳазломез гуфт Биталомус, ки оҳанги гуфтораш чунин буд ва ҷуз ў касе наметавонист инчунин гўяд ба шоҳ Искандар.
— Ҳммм... Бояд мерафтам, аммо нарафтам... – низ тамасхур кард шоҳ.
— Ва агар мерафтӣ, чӣ кор мекардӣ? Шоҳ Дороро зинда мегардонидӣ ё собит мекардӣ, ки ўро ту накуштайӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё