Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

— На... Ман ин чизро ба бародараш гуфтам ва ҳама медонанд, ки ман ё ту накуштаем ўро... Ин муҳим набувад... Ту он чизе, ки ман фикр мекунам, намефаҳмӣ... Ҳарчанд рўйдодҳоро менависӣ, умқи онро андеша надорӣ. Магар медонӣ, ки аз дили ман чӣ гузарад?
— Инро касе нафаҳмад ва ҳеҷ гоҳ надонад, ки аз дили дигаре чӣ гузарад.
— Дар умрат як бор дуруст фармудӣ, шоҳзода.
— Ва ту низ дар умрат як бор ҳарфи дуруст бигўй, ман шунавам.
— Бароят як панди шарқӣ мегўям: Ҳар ҷо, ки рафтӣ, аввал дили аъёну ашроф ва бузургонашро ба даст ор. То мардум бовар кунанд, ки ту некхоҳ ва озодибахши онон ҳастӣ. Ба маросими тадфини ҷанозаи Дорои Саввум рафтанам ҳамин қадар аҳамият пайдо мекард. Он ҷо бояд модари шоҳ ва писари шоҳ Дорои Саввум шоҳзода Дорои Чаҳорум ширкат варзанд.
Ман бояд эшонро гўяму фаҳмонам, ки Дорои Саввумро ман накуштаам.
— Бале, ту накуштайӣ. Инро ҳама донанд... Аммо ният доштӣ...
Сатрапҳои Порс туро ёрӣ доданд.
— Ҳммм... Ту низ ёри онҳойӣ. Андешаҳоят зидди пиндорҳои ман.
— Чаро чунин пиндорӣ? Мо як бор ошкоро сухан гуфтан хостем, ту хашм мегирӣ.
— На, шоҳзода, ман ба сухани дуруст ғазаб нахоҳам кард, аммо сухан зермаъно дошта бошад ва ба киноя гардад, танам ларзад... Муроди ман дигар бошад: ман мехоҳам, ки шоҳзода Дорои Чаҳорумро аз муҳити Порс дур кунам, ба Юнон фиристам, то ў тарбияи юнонӣ гирад ва дар он муҳит парвариш ёбад.
Аз Порсу Эрон ёд накунад ва чизе надошта бошад аз реша: на тарбият, на одоб, на фаросат, на фарҳанг, на забон... Ҳеҷ чиз...
вай бояд юнонӣ ё мақдунӣ бошад.
— Фаҳмост... вале чун аз ин сафар бозпас биравӣ? Роҳ андак набувад. Ва роҳи моварои Эроншаҳр пуразоб аст. Агар ба он ҷо баргардӣ, ба Оби Ҳаёт нарасӣ.
— Ҳамаи ин чизҳоро андешидам, Биталомус. Гумонам, ки дар маросими дафни ҷанозаи шоҳ Дорои Саввум иштирок накунам, ҳама маро нафрин мехонда бошанд.
— Мегузарад. Ҷанозаи шоҳи Порсро бе мо ҳам ба хок хоҳанд супурд.
— На... Он гургзодаро бояд ба Мағриб фиристод. Он гургзода рўзе гург шавад ва ба рамаи мо дарафтад.
— Ногузир.
— Пас чӣ бояд кард?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё