Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

На хуни каёнӣ дорӣ, на хуни шоҳаншоҳӣ дорӣ ва на хуни шоҳӣ. Дастнишонда чу ман. Дастнишондаи ҳахоманишиҳо. Ҳоло, ки аз дудмон танҳо ман мондаам, амр мекунам, то ба дарвозаи Согдо ду нимтаҳ зада туро бичаспонанд, то суғдиён донанд, ки чӣ сарваре доранд.
Баланд хандид ниқобдори палангинапўш, ки ба басту бозу Спитамони диловарро мемонд. Гуфтораш низ. Аммо хандааш дигаргуна. Хандаи бебокеро монад, ки ба андак зар хештанро барда гардонад.
— Ва инак туро бубарем пеши Спитамон, то андар паҳ лўҳои дарвозаи Согдо ду нимтаҳатро часпонад, то суғдиён донанд, ки кӣ ба сари эшон ғам меборад. Спитамони меҳанпараст туро андар канори он дарвоза нигарон аст.
— Пас ту кистӣ?
— Зарурате надорад, ки ту номи маро дониста бошӣ. Яке аз палангинапўшони суғдӣ.
— Аз муғбаччагон бигў!
— Оре, аз муғиёни кўҳи Муғ, ки Урмузди бузург барои салхи шумо офаридааст.
— Ғалат мекунӣ, муғбачча! Бесуси Бохтарӣ ягона ҷонзодест, ки барои ин кишвар ҷон медиҳад. Дигар шумо ҳама лошахўр!
Шикори шерро нигарон мешавед.
Ин бор баробар хандиданд ниқобпўшон. Бесус гардан қаҷ карда сахт нигарист ба Датафарн. Ў китфон ба ҳам кашид, ки огоҳ набувад аз ин кирдор. Вале Бесус бовар накард.
— Кӣ фармуд шуморо, ки шоҳро дар чунин хорӣ доред?
— Кӣ фармуда буд туро, ки шоҳи Порсро чунон хору зор бикушӣ?
— Охир ўро Сотибарзан, Набарзан, Барзаенту шумо куштедку!?
— Агар шоҳ Дороро мо кушта бошем, туро низ мо хоҳем кушт!
— На! Шумо маро кушта натавонед! Ман ягона фарзанди ин кишварам, ки ҳимояаш хоҳам кард. Дили шумо ба ин кишвар нахоҳад сўхт. Шумо шояд Суғдро ҳимоя карда тавонед! Шояд дилатон барои Эрон бисўзад. Аммо яки шумо Бохтарро дилбастагӣ надорад. Шумо ҳама бардаҳоед... ҳар кӣ тангае изофа кунад, он сў мегардед, чунон ки зархаридони юнонӣ. Баъд дар лаҳзаҳои танг метавонед ба як пули пуччак оламро бифурўшед...
— Ин олойӣ мегўяд... Бардоредаш!
Бесусро бурун оварданд аз пардасаро. Касе намеёрист наздик бишавад, чизе бипурсад ва ба ҳифзу ҳимояи шоҳ бихезад. Болорў мебурданд шоҳро: бастадаст, пешандоз. Бесуси сиёҳришу сиёҳмўй вазнин гом мезад ва кўҳҳои баландро тамошо мекард. Гўйӣ то ҳол ин баландиву чунин бузургиву сахтиву сахтҷониро надида буд.

пешина
аз 411
навбатӣ