Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Намедонист, ки чунин ҳашамат дорад кўҳи Навид. Ба шуниди ў танҳо Албурз бузург, баланд ва боҳашамат бувад. Дигар ҳама кўҳпора. Вале танҳо бо нигоҳ баландиву бузургии шахҳои осмонсоро чен кардан имкон дорад ва ба он ҷо расидан. Баланд, сахт, дастнорас... Як лаҳза истод. Чашмон бузургтар кушод ва нигарист. Кулоҳи кас меафтад, вале ҳоло ў сарлуч аст. На тоҷи шоҳӣ дорад, на тарг, на кулаҳхўд.
Бурдандаш ба ҷое, ки орзу ҳам надошт.
«Ана дар ҳамин ҷо аз ҳама гуна хавфу хатар эмин хоҳӣ буд. Ин ғори дастнорас. Искандар ҳам надонад, ки дар ин ҷо чунин ғор вуҷуд дорад. Худи ту ҳамин ғорро гуфта ба ин ҷо омадӣ. Акнун манзилу макону гаҳвораву тобутат ҳамин ғори тира хоҳад шуд.
Осуда бош, Бесус, туро осебе нахоҳад расид.
Зеро дари ғорро бо харсанге мепўшанд ва касе натавонад онро кушодан. Лашкари мақдунӣ ҳам чунин зўрро надорад. Муҳим он ки ту рўйи ношустаи онҳоро нахоҳӣ дид ва онҳо рўйи зишти туро. Ту чӣ қадр зишту палидӣ, Бесус. Барои тахту бахт дудаву дудмони Ҳахоманишиёнро барҳам задӣ...»
Бесус менигарад ба даҳони ҳар кас, вале намедонад, ки садо аз зери лаби кӣ бурун меояд. Ҳама хомўшанд. Касе ба ў наменигарад, касе чизе намегўяд, вале садо меояд ба гўши ў. Аммо Бесус надонад ва натавонад посух додан. Дарёфт: «Инҳо гўри маро муайян сохтаанд. На! Ман дар чунин гўри кушоду боҳашамат зинда ба зинда нахоҳам хуфт. Шумо маро гўл задед. шумо маро фирефтед.
Пиндоштам маро сўйи тахти Порс хоҳед бурд, ба гўр овардед.
Охир ман шоҳи Порсам!...» Беқарор шуд ў. Дар андарунаш ғулғула пайдо гашт. Худдорӣ накарда фарёд зад:
— Кадоме аз шумо шоҳ шуданист? Маро гузоред! Озод кунед!
Тахту тоҷро хоҳам бахшид!
Баробар хандиданд онҳо:
«Гўсола мурад ҳам, алоии чашмаш монад!»
Ва садои соидани санге ба санг омад. Бесус торикиро эҳсосу мушоҳида кард ва харсанг дари ғорро пўшид; чунон пўшид, ки зараи нур наметофт. Вале садои одамӣ базўр ба гўш мерасид:
«То расидани Искандар. Агар намирад, пешкашаш мекунем.
Ў кушандагони шоҳ Дороро меҷўяд.»
БАНДИ ДУВВУМ
Шоҳи шабрав зери нури ситораҳо сипоҳи коста ва навсохтаи
хешро пеш мебурд ва бовар надошт, ки аз Ҳиндукушу Бомиён
чунин осон мегузарад. Зери нури моҳи мунир низ шебу фарози
кўҳҳоро паймуд ва инак регзори Омую биёбони Бохтарро убур
мекунад ба душворӣ. Ў таҷрибаандўхта. Медонад, ки регзори
тафсонро шабҳангом гузаштан ҳам ба чорпою ҳам ба дупоён сабуктар ояд аз рўз.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор