Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вале роҳи тўлонӣ ва бенаво, ки Бесуси Бохтарӣ аз паси хеш рабудаву сўхтаву рўфта аст азоби лашкари Румро афзояд. Хавфи лашкаркаши бузург аз камингоҳҳо, сипоҳи ҷангараи бохтарӣ, мардуми ватанпарасти он; мавқеи нобобу ношинос низ ўро парешон медошт. Агар ин роҳро Бесус беҳушона ва пурҳарос ва гирифтори ғами хештан паймуда бошад, Искандар бо ташвиш мегузарад, ки Бохтару бохтариҳо ба ҳеҷ «кишваркушо» ба осонӣ дарвоза накушодаанд. Дижи Бохтарро ҳеҷ мустабид ба даст оварда натавонистааст ҷуз Куруш, ки аз он вақт то ҳол Бохтар ба Эрон боҷу хироҷ месупурд. Ба ҳар тақдир Искандар огоҳ буд, ки марвиёну суғдиёну бохтариён бадавиҳо ва кўчиҳо наянд, балки мардуми пешқадаму бедор ҳастанд. Оҳиста рафтор мекунад ў ва бим дорад, ки беразму набарду пархош озод то рўдбори Окс лашкар овардани ў муаммост. Зеро Искандари таълимдида аз китоби «Киропед»
ҳама хосияти Бохтар ва махсусияти бохтариёнро хондааст ва раҳораҳ аз донишмандон пурсидааст. Хомўшии дарё қабл аз тўфон.
Хеле бо ҳаросу эҳтиёт роҳ паймояд сипоҳ. Гузаргоҳҳои канда ва пулҳои вайрон, бешаҳои сўхта Искандарро дарс медиҳанд, ки душман рўй пинҳон кардааст. Ва ҳар ҷое хайма задаву нафас рост кардааст, сутухону осўхтаву хокистар боқист ва саргини асбон.
Аммо шоҳ умедвор буд, ки андар ин мулки ободон, агарчӣ бо душвориҳо рў ба рў меояд, ранҷу шиканҷаи бенавойӣ нахоҳад кашид. Ҳама қурбониҳои ба ёди худоён дар дилаш гиреҳ задаро дар ин кишвар ба ҷо хоҳад овард.
Ҷо-ҷо шабҳангом ба сари лашкар аз тори кўҳ санг андохтани кўҳнишинони ориёйӣ ва шабохун задани эшон ба дастаҳои барои ҳезуму хўроки чорво ва навою наволаи сарбозон рафта ҳайрати Искандар ва ҳамраҳони ўро меафзуд; балоест андар ин кўҳистон, ки кас сураташро намебинад. Чун Искандар ба куштану оташ задани рустоҳои сари кўҳҳо шурўъ кард ва пирону занону кўдаконро ба шиканҷа кашид, басанда шуд рафтори партизанонаи ҷавонмардони ориёйӣ.
Пасон Искандар дижи Аорнро осон гирифт. Касе муқобилат накард. В-онгаҳе Ориёро ба даст овард, ки мардон набуданд ва пирону кўдакон бенаво менишастанд. Мардум ҳама нуқлу навое, ки доштанд, бо худ бурда ва ё зери хок карда буданд; ҳамчун сарбозони мақдунӣ ниёз ба рўзӣ доштанд ва ранҷ мебурданд. Искандар пай бурд, ки ҳар чӣ шуда низ аз дастурҳои Бесус бувад.
Сатрапи Бохтар чунин усулро ягона роҳи мубориза медонист ва қасдситонӣ. Вале огаҳ набуд, ки чунин роҳи мубориза як навъ таслим шудан аст. Искандари ҷаррор метавонад ба ҳар роҳ мўй аз даҳони бечора кашад. Ў омўхта буд ва дониста, ки ба пирон ва ё кўдакони Шарқ чанд сухани хуш гўйӣ ва ё инъоме ваъда кунӣ, дар як он ҳама рози ниҳон ошкор созанд.

пешина
аз 411
навбатӣ