Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Искандар ҳайратзада, ки чаро бохтариҳои ватанпарасту ҷанговар ба чунин ҳол кишвару пойтахту дижи хешро вогузошта, рўй пинҳон кардаанд. Бесуси хунӣ, ки ба орият Дороро кушта, марзи ориёйӣ аз аҷнабиёну омадагон ва бегонагон ҳифзу ҳимоя карданӣ буд, низ ҳамаро ба ҳоли худ гузоштааст. Сар андохта ба андеша меравад шоҳи мақдунӣ: «Дом бувад ин ҳама; доми фиреб...» Вале ба касе чизе гуфта наметавонад, зеро ба назар дўсту душман ва «дўстон»-у бардаҳо якранг метобанд: муғамбир, найрангбоз, кинавар. Намедонад чӣ кор бикунад. Бесуси худхоҳу худкорро бояд ба даст овард. «Кобарро биоваред.» Фармони шоҳ зуд иҷро шуд:
оварданд Кобари бастадастро, ки харобу абгор гашта буд. Зеро Искандар ба ҳарфи ў бовар накарда, чун ҷосус ўро нигаҳ медошт, то замоне ки ҳаққу ноҳақ будани ин ҳарфро дониста бошад.
— Ту чӣ овардиву мулк ба чӣ ҳол аст?
Кобар чандон сарфаҳм нарафт пурси Искандарро, мулзам монд.
— Ту нагуфтӣ, ки Бесуси Бохтариро дастгир кардаанд ва нигарони омадани сипоҳи мақдунӣ ҳастанд.
— Оре, шоҳ! Ман овардам, ки сатрапи Бохтарро дасту пой баста, барои шоҳ Искандар пешкаш мекунанд...
— Ку он, ки...
— Ў дар ин ҷо набувад, шоҳ. Дар кўҳи Набид. То он кўҳ роҳ тўлонист.
Искандар ба дигарон нигарист, то чӣ ояд. Ҳама хомўш буданд ва якдигарро менигаристанд, ки шояд касе чизе фармояд. Аммо ба ҷойи ҳама боз Кобар сухан пурсид:
— Иҷоза фармоед, шоҳ!
— Бифармо!
— Спитамони Суғдӣ ва Датафарни Бохтарӣ Бесуси худномро сари шоҳроҳ бояд нигаҳ бидоранд ва пеши пойи шоҳ Искандар хун кунанд.
— На!!! Қотили Дорои Саввум бояд зинда ба дасти ман ояд ва ман пурсида, донам, ки аз чӣ рў носипосӣ кард хоҷаи худро!
Ай Биталомуси Пилтан, лашкар бигир ва шитоб бикун! Се дастаи савораи «дўстон», фавҷи саворони найзавар, ними сарбо-
1 зони тирандоз, сипардорони хилиарх ва сипоҳи пиёдагард туро бахшидам. Фармон турост, рой турост! Ту дониву аъмолат. Бесус бояд зинда ба даст ояд!
— Итоат!
Искандар ҳолиё низ он қадар парешону осема буд ва тунду тез, ки замоне аз пайи Доро. Он замон низ ҷуз ба даст овардани
- Хилиарх – поймардони шоҳ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор