Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дорои Саввум муроде надошт. Ва гоҳе мурдаи ўро дарёфт, афсўс хўрд, ки зинда надид.
— Ай Мисрӣ! Ай шоҳзода! Бибояд роҳи даҳрўзаро дар чаҳор рўз бипаймойӣ ва Бесуси носипосро зинда ба даст орӣ!
— Итоат, шоҳам!
Искандарро армон чунин буд, ки ба Бохтар расад, аз асбони тезтаку таковари ин марз фавҷи саворагон созад ва аз паси қотили Доро биовезад. Чун Аорну Ориёро (Ҳирот) ба меҳмон гузошта пинҳон шудаанд ва ҳама чорвою наво гурезондаанду бурдаанд, номурод монд. Ба тақдир тан дода бо ҳамон асбони лоғару хаста лашкари Биталомус ба роҳ даромад. Азобу шиканҷа пеш омад.
Андар биёбони хушку беоб ва реги тафсон асбони нимҷон на танҳо саворашонро кашида наметавонистанд, ҳатто вазни лоғари хеш гарон афтода буд барояшон. Вале Биталомуси пилзўр наъра мезад, ки пошна зананд ё ситом кашанд, то зудтар ба қароргоҳи Бесус бирасанд, ки амри шоҳ аст. Ҳангу фара намонда, оби танҳо рафта, лабҳо карахш баста буданд чунон ки андар моварои Эрон.
Сипоҳро ва асбонро мадор намонда буд, ки бо кўҳҳои мушкилгузар ва баланд раванд. Бо ҳамвориҳои сўйи Морго мерафт сўхтаву тафсида. Агар амри шоҳ набуд, сипоҳ метавонист бо усули шабравии Искандар роҳ паймоянд. Вале чун амри зудтар ба даст овардани Бесус буд, Биталомус асби арақшорро маҳмез мезаду пошнаву ситом. Сарбозон ба танг омаданд. Асбон низ кафки даҳон рехта базўр сум мезаданд.
Чун бо ранҷу азоб даҳ фарсах роҳро паси сар гузоштанд, ба рўдбори Ому расиданд. Он қадар говкаш об хўрданд, ки баъзе сарбозони ҷигарсўхта ва аз ҷон сер ба дарду мариз мубтало гаштанд. Инҳо сарбозони пешгард ва саворони асбонашон ҷонбатан буданд. Вале фавҷи барҷомонда, нимҷонҳо, пиёдагардон, корвон ва бақияи дастаи «дўстон»-и Искандар таноби роҳ мекашиданд.
Сипаҳсолор тавилапули сўхта ва валу вайронро дида, ҳаждаҳаш ба замин зад ва фикраш ба бозӣ даромад, ки Бесус ба осонӣ ҷон нахоҳад дод ва он чӣ Кобари ҷосус овардааст, найранг ва фан бувад.
Биталомус ҳарчанд кори хурд набудани убури Оксро медонист, умед ба нерў ва тавоноии сипоҳи хеш дошт ва илоҷи воқеа меҷуст.
Ақлу фаросоти хеш ба кор андохта, аввал ду асби нерўманд ва як яли тановар ҷудо кард то машкҳо ва кўзаҳоро об пур карда дар халтаву хўрҷин пушти асбон бор банданд ва ўро бозпас фиристанд, то суде орад ба роҳмондагони ташна. Ва баъд сипоҳро амр дод, то Ҷайҳунро убур кунанд. Зеро то расидани Искандар шояд дер шавад. Аммо убур кардани рўдбори жарфу паҳно машаққати зиёдеро пеш овард. Нимҷонҳо ва фартутонро рухсат шуд ва ҳатто фармон, ки наҳри азимро нагузаранд ва ин ҷо монанд ва рамақе дар ҷон дошта бошанд, ба Ориё баргарданд. Окси тезоб ва шўх гузар намедод меҳмонони нохондаро.

пешина
аз 411
навбатӣ