Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Биталомус чашм ба атроф чаронд ва дарахти сабзе надид, то бурида оранду гузаргоҳ созанд. Зеро мақдуниён дар тўли роҳ ба чунин убургоҳҳо зиёд дучор омада буданд ва туфайли сангу чўбу гил убургоҳ пур карда аз наҳрҳову баҳрҳо мегузаштанд. Аз тарси он ки Искандар даррасаду эшонро дар чунин ҳол бинад, нохуб мешавад, саворонро болообу пасоб фиристод, то бинанд, ки пуле, убургоҳе, паҳнобе ҳаст ё на. Вале фиристодагон то омаданд, ки Искандару ёронаш расиданд. Чун хабари пулҳои харобгаштаву сўхтаву валангорро оварданд, димоғи шоҳ сўхт ва амр кард саворон асбони нерўманд ба об андозанд. Асбон то гўш ба об фурў рафта шино бо ҷараёну рафти об мекарданд. Зўрон зудтар аз об бурун меомаданд, вале асбони нимҷонро об мебурд бо савораш. Губсару машку пўстҳои тулумиву ишкамбаҳоро даму коҳ пур карда, ба сарсинаҳо гирифта убур мекарданд. Чунон душвор буд, ки сарбозон ин замон ҷанг бо марг доштанд: ё ҳаёт ё мамот?
Искандар ин ҳама ранҷу машаққатро медид ва боз ба пули сўхта нигариста хашм мегирифт ба Бесус, ки дарёбад, чунин хоҳад сўхт. Ва агар дар наздикиҳо беша буд ё деҳа, Искандар ҳамаро бурида ва ё харобу валангор карда чўбу тахта ба рўдхона кашонда ғаддапул ё пайроҳа сохта пиёдагони барҷомондаро мегузаронд, вале ҳолиё илоҷе надорад ҷуз ангушти ҳайрат газидан. Ў мушоҳида мекард, ки кадом савор гузашту кадомеро об бурд ва они аз ҷон сершуда аз пушти зин хешро ба рўд андохт. Аввалин бор лашкаркаш дарёфт ва дарк кард, ки чӣ душвор аст ба марзи бегона ҳукмравойӣ кардан. Аммо тан намедод ў. Бояд ҳукм биронад, фармонфармо бошад ва касе наёрад аз амри ў сар печидан.
Аз санг ба харсанг сар мезанад рўд. Пора мегардад ва боз меомезад. Хосияти обу симоб чунин бувад. Вале одамӣ бо андак дуруштӣ, нобакорӣ, буғзу кина ва хуш надоштану хуш накардани кирдору рафтору гуфтори якдигар метавонад умрбод аз ҳам ҷудо бошад ва бар қасду қасос кўшад. Аз дилу мағз мегузаронад ў, вале ба ёдаш намезанад, ки чӣ корҳое кард дар тўли сафари хеш. Чӣ дўстонро ранҷонд, чӣ ёронро нобуд кард, чӣ касонро номурод сохт. «Бусефал бояд илоҷе карда гузарад, аммо занону кўдаконро чӣ илоҷ бояд кард?»
Рў-рўйи об амадҳо омаданд, аммо соҳибонашон набуданд. Искандар амр кард боздоранд. Баъзеро тавонистанд доштан, баъзе аспу саворро зада чаппа мекард. Сарлашкар амр кард, ки канори сутунҳои нимсўхтаи пул истода боздоранд салҳоро. Ҳамчунон карданд. Вале об бо фишори сахт сарбозони бо ин кор машғулро ба танг меовард. Зеро об ниҳоят сард буд ва дер тоқат кардан имкон надошт. Чун тахтҳои обовардро дошта ба сутунҳои восўхта бо каманду бо фитроку ситоми асбон бастанд, амаде омад, ки саворе дошт. Ў тори амад пойҳо кушод гузошта, рост меистод ва ходаи дароз даруни рўд андохта, ҷилави заврақашро ҳар сў мегардонд ва бо рафти об шино мекард.

пешина
аз 411
навбатӣ