Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Амадрон сипоҳу азоби он ва мардуми шиғосо канори рўдхона ситодаро дида ҳайрон нашуд, балки хода ба об зада орому кушодачеҳра сўйи Искандар равон шуд. Андар канора фўки амад бар рег бархўрда бозистод ва ў аз рўйи тахта фурўд омада ҷониби шоҳ таъзим овард, вале чизе нагуфт. Искандар ишора кард, ки боздоранду бозпурс кунанд.
Вале ў чашм ба «киштӣ» дўхт. Онҳо имои убур карданд. Ў боз даст пеши бар Искандарро таъзим овард ва хода ба ў ёзид, то савор шуда гузарад. Искандарро хуш омад имову ишораҳои ў, вале ҳайрон буд, ки чаро сухан намегўяд. Ба назар чизе дар даҳон дошта, лунҷонаш дамида буданд.
— Кистӣ?
Гом зада наздик омад Искандар, вале боз посух гирифта натавонист.
— Шоҳ мепурсанд, ки кистӣ ва чӣ ном дорӣ? – ба порсӣ пурсид нафаре ва ў базўр лабонашро кушода бо машаққат нўки забони бурида ва варамида намуд. Ҳайрон монданд.
— Кӣ кард?
Ў пули сўхтаро нишон дод ва бо ишораи даст аз об гузашта ва рў сўйи шимол рафтани касе ё гурўҳеро фаҳмониданӣ шуд.
Искандари зирак пай бурд имову ишораҳои ўро ва гуфт:
— Кори Бесус?
Ў ба ишораи сар тасдиқ кард. Искандар низ ба ишора фаҳмонд, ки осуда бошад, ўро дарёфта сар аз тан ҷудо хоҳад кард. Пас ба мардуми соҳил ва обу амад ишора карда, фармуд, ки инҳоро бояд гузаронд. Ў аз байни тахтаҳои амад чанд хода бароварда ба сарбозон дод ва бо ҳидояти даст фаҳмондан хост, ки ба амади ў савор шаванд. Сарбозон савор шуданд ва ў назди ҳар амади боздошта рафта, сарбозони ходабадастро ба тахтаҳо тақсим кард ва гуфт, ки чўб зада назди шоҳ биронанд. Бо азоб бурданд амадҳоро ба соҳил ва нишонданд сарбозони пиёдаро. Аммо сарбозон умед надоштанд, ки хода ба об зада убур мекунанд Омуро. Амадҳоро бурданду оварданд. Ва он марди бохтарии буридазабон гўйӣ аз Бесус қасд меситонда бошад, дар як раҳи онҳо ду бор рафта меомад.
Ва гузаштанд ҷуз барҷомондагон, ки бозгашташон душвортар буд аз пеш рафтан. Искандар тунд буду хашмӣ ва андар хаёлаш ба чанд ранг мекушт Бесуси ноошноро. Сипоҳ низ ба рагҳои таранггаштаи пешонӣ ва чаккаҳои дамидаи сипаҳсолори бузург пайравӣ карда таҷангу таранг дам карда, сиёҳу кабуд гашта, гарди замин ба осмон бардошта, роҳ месипарданд ва ду чашм дар пешонӣ пешу паҳлў менигаристанд, ки Бесус куҷо бошад.
Аз доманаи кўҳе дур, аз дасти рост гарде сўйи осмон боло шуд, ки сипоҳи Биталомусро боздошт. Саворе меомад тезтак. Асби чаҳорнаъли ў баробари ба сипоҳ наздик омадан чароғпоя шуд ва боз пой ба замин кўфта як бор ҷувозак гирд гашт ва дастон бозӣ доронда ва кишна карда, сўйи сипоҳи мақдунӣ сум зад.

пешина
аз 411
навбатӣ