Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Рўзбонони сипоҳи Биталомус ба ишораи сипаҳбад роз пурсиданд ўро. Фиристода лигоми асби шўридаи бохтариро бозкашида гуфт:
— Спитамони суғдӣ ва Датафарни бохтарӣ Бесусро сари роҳ медоранд, то ба лашкаркаши бузурги мақдунӣ шоҳ Искандар пешкаш кунанд.
Дигар ҳоҷат ба шарҳу эзоҳ набуд. Яке аз рўзбонон бо рухсати Биталомус сўйи Искандар так тез кард, то мужда ба Искандар расонад. Ва дере нагузашта дастаи савораи «дўстон» даррасид ва Искандар ба яккасавори рў ба рўйи сипоҳи Биталомус истода рў овард. Фиристода таъзим кард ва фармуд.
— Дурўду сипоси беандоза мар шоҳро!
— Бозгў! Чӣ хоҳӣ?
— Маро Спитамони суғдӣ ва Датафарни бохтарӣ фиристоданд...
— Хўш! Дар куҷоянд?
— Андар ғори Набид...
Искандар дигар пурсу посух накард, балки огоҳ буд аз ин асрор ва ба роҳ афтод.
Фиристода пешопешу сипоҳи мақдунӣ аз пас мерафтанд сўйи кўҳ ва ҳеҷ пайдо набуд ҷонзоде, навое, борае. Дар андаруни лашкаркаш, ки ҳолиё ҷилавтар аз фавҷи сипаҳбад Биталомус мерафт, оташе ғулғула зад. Вале намедонист аз чист. Гўё боде ё боле бузург мебардошт ўрову Бусефалро ва гўйӣ миёни замину осмон мерафт. Ҳарчанд ситоми асб мекашид, ки заминӣ равад, фараси рамузфаҳм андар ҳаво наъл мезад чунон ки моҳӣ дар об. Аммо хуш набуд шоҳро, дуздида-дуздида ба Кобару фиристодаи бохтарӣ менигарист, ки чӣ асроре бошад, ба чашмаш ҳама ҳамвору заминӣ метофт, вале шитобзада. Танҳо асби ў болдор чунон ки дар асотири юнонӣ. Кобар ҳанўз ҳам дастбаста; ин пайки бохтарӣ хандон, ки ба мурод расида, аз он золими сиёҳ – Бесус халос мехўранд. Аммо Искандар ба ў эътибор намедиҳад. Таваҷҷўҳаш фиристодаро. Шубҳа дорад ва найранг пиндорад ҳамаро. Дилаш об нахўрад Кобару фиристодаро. Ва агар рост аст, чаро ин мардум чунин хў доранд, ҳама аз пайи якдигар бошанд ва сари якдигар хўранд: «На. Ин танҳо кирдори шарқиён набувад, балки кулли башар бар чунин тахти муаллақ ва устувор бору савор ҳастанд чун бори амонат. Вагарна лашкари мақдунӣ талаф наёфта буд...»
ҳам куштори хешро дар назар дошт ва ҳам шикасти сипоҳи фиребхўрдаи порсро.
Ва андар канори фавҷ Кобар чунин андешаҳо дорад ва пушаймон бошад аз кирдору рафтори хеш, зеро ў пиндошта буд, ки бо овардани хабари фирору пинҳон шудани Бесус Искандар ўро навозад, хоста диҳад, мансабу маснади вилоятеро бахшад; бавижа Бохтарро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор