Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Аммо Искандар ўро бандӣ медорад ва бовар надорад, ки ў росту дуруст оварда бошад. Аз ин рў гўшаи чашм мекунад нигоҳи ўро дуздида. Кобар сар андохта чун мусичаи сармозада ва гардан фурў кашида миёни шонаҳо. Бовар надорад, ки шоҳи истилогар ўро озодӣ бахшад. «Бадбахтист... Худованд шўри касро хушк гардонад, ҳамин тавр бо хасм рў ба рў мекунад. Ин хунхор маро бо Бесус рў ба рў хоҳад кард. Ва баъд... Ў донад чӣ кор карданашро: ба сатрап супорад ё миёни сипоҳи хешу лашкари бохтарӣ шармсор созад ё чун Барзаенти ориёйӣ чаҳорлахт кунад?»
Фиғонаш андар гулў печид. Чашмонаш сиёҳӣ заданд, ки фарёди андар даҳони баста печида бо роҳи чашм бурун омада бошад. То алвақт саҳл дониста буд чунин рафторро ва умеди зиёд дошт аз шоҳи «одил». Аммо ҳолиё дилаш тапид чунон ки гоҳи бо Искандар бори аввал рў ба рў омадан тапида буд. Он лаҳза ба дунёи равшан, ба чизе умед баста буд, ҳолиё умедканда ва дасту дил аз ҳама чиз шуста.
Ва аз пеш сари мўлаҳо сарони сиёҳ чун зоғи тори дарахти хушк нишаста тофтанд. Яқин дидбонҳои бохтарӣ. Омадани шоҳро нигаронанд. Вале ин нишона барои ў нохуш тофт ва дилаш тапид, то ҷое ки аз ҳолат рафт. Аммо касе ба ў эътиборе намедод ва касе намедид, ки Кобар бар кўҳони зин ба шикам хам хўрд.
Ҳама нигарон буданд ба пеш, то чӣ ояд аз он сў.
Биталомус андаке инони асбашро кашид ва сипоҳро ба бозистодан ишора кард. Пасон рў ба Искандар овард, то чӣ фармояд.
Искандар низ ба аломати бозист кафи дасти ба ҳаво бардоштаро сўйи сипаҳбад намуд ва ў амри бозистодан дод.
Асби Кобар низ қарор гирифт ва савораш ба паҳлўи чапи зин хам хўрд. Ҳолиё низ касеро парво набуд, ки ин хоини қавму миллат ба чӣ ҳол афтода. Он замон, гоҳе ки рўёрўйи раддаву растаи сипоҳи мақдунӣ ў сипаҳсолори хешро муфт мефурўхт ва нокасӣ мекард, сарбозони бонанги мақдунӣ паҳлўи гардани фараси хеш туф карда буданд, ки чӣ носипосӣ. Сарбозони заргўшҷигар ўро сано мехонданд, ки корашонро осон мегардонад; саввумӣ, ки ба ҳама кор, ба ҳама гуна ваъда, ба ҳама саҳлангориҳо бо шубҳа менигаристанд, заҳрханд мекарданд. Вале ҳоло ҳама бепарво, дида ба дидбонҳо доранд, то чӣ ояд.
Пеш омаданд чанд тан. Искандар миёни эшон гунаҳгорро намедид. Балки рўйи дастон нону намак доштанд. Хеле мехост донад, ки кадоме аз онҳо Спитамони Суғдист. Симои равшан, тани багурда ва ё тановаре миёнашон наметофт. Шоҳи доно яқин кард, ки аз тановарон нестанд, масхарабозон фан мекунанд, чунон ки хоқони Чин дар хобаш чунин фан дода буд. Искандар аз нону намак чошнӣ накард, балки ба бузургону ҷондоронаш фармуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор