Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Чашмонаш касеро меҷустанд. Бар баландие касеро маслуб дид ва тез ба сарони пазиро нигарист. Онҳо дарёфтанд нигоҳи ўро ва фармуданд.
— Ў Бесус набошад, шоҳ.
— Пас кист дар чунин ҳол?
— Он, ки Бесусро аз банд раҳо карда гурезониданӣ буд.
Искандар ба ягон ҳарф бовар намекард, бавижа баъди аз ҷониби ҷондорону дўстон хиёнат дидан. Ҳоло низ гумон дорад, ки фан мекунанд. Бесусро гурезонданӣ ва ўро ёрмандӣ карданӣ бошанд, ҷойи якдиливу якгумонӣ набувад.
— Сипоооҳ!!!
Бонги хатар буд аз ҷониби Искандар ва саворону пиёдагон ҳама омода ба овард шуданд. Он тараф дар ҳайрат монданд. Фиристода пеши Искандар омад:
— На! На маншаву на ҷанг!
Вале шоҳ ишора кард, то ўро бардоранд.
Аз пеши рўйи Искандар фиристодаро гирифтанд. Ў дод мезад:
«На! Пархош на!»
Искандар тавила нигарист шахси маслубро ва ёдаш омад, ки андар ҷазираи Тир чӣ зиёд ҷавонони ватанпарастро чунин мехкўб карда дар офтоб азоб дода, кушта, хушк карда буд. Сари марди чаҳормехшуда ба пеш афтида буд ва сару рўяшро магас пахш карда. «Ҳар ҷонзоде душман дорад, ҳар чиз неъматест барои ин ё он.» Валек ин чизҳо барои Искандар зарурате надоранд. Ҳамаи ин чизҳоро ў медонад, дидааст ва худ ба сомон расонидааст. Ўро Бесус лозим, то донад, ки аз чӣ рў шоҳи Порсро кушта хешро шоҳ хондааст. Аммо нишон намедиҳанд Бесусро.
«Куҷост Бесуси шоҳкуш!?»
Ба назари баъзеҳо замин ларзид ва кўҳи Нидо аз дур садои ўро бозгардонд ва Искандар овози шиносу нерўмандро шунида як лаҳза гўш дод, ки бори дигар такрор шавад, аммо ҳама ҷо
– сипоҳ, майдон, талу теппаҳо, кўҳ, марди маслуб хомўш буданд; аз паҳлўи рост сарири ҷўйбор меомад.
— Ҳамаатон мисли ў ҳастед?
Ба марди маслуби гарданхамида нигариста пурсидани шоҳро дида онҳо фаҳмида ё нафаҳмида посух доданд: «На!» Искандар хандид ба ҷавоби онҳо ва сар такон дод: «Донистам: шумо муттаҳамтар аз ў ҳастед!»
Онҳо кўчабоғи зинда кушоданд Искандарро, то пеш ояд ва сўйи дара майл кунад. Шоҳ Искандар ба рафторҳои онҳо эътибор надода, Кобарро меҷуст, ки дуруст будани лафзи ўро тасдиқ кунад, ки воқеан Бесусро дар кўҳи Нидо боздоштаанд. Кобарро афтида ба паҳлўи зин дида, ҷилав зад бораашро, то наздаш равад, аммо сарбозон аз нигоҳи ў рамуз гирифта, даррасида бардоштандаш, ки сард гашта буд ҷисмаш. Ҳарчанд ҷойи ханда набуд, Искандар андарун заҳрханда кард: «Ватанпараст мемирад, ватанфурўш низ ҳам.»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор