Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Куҷост ў!?»
Наъра баровард шоҳ Искандар. Кўчаи зинда фарохтар шуд ва Искандару Биталомус пешопеш ва дигарон аз дунбол равон гаштанд ҷониби кўҳи Навид. Искандар ва сипоҳи ўро то ҷое бурданд, ки санги азим бар даҳони ғор гузошта буданд.
Аммо санги гаронвазн зайле ки гузошта буданд, даҳони сиёҳи ғорро намебаст, бал роғе дошт, ки бемалол кас баромада метавонист. Муғбаччаҳое ки ғоррову Бесусро посбонӣ мекарданд, низ набуданд. Ҷасаде поёнтар аз даҳони ғор, дар лаби рўдак хобида буд. Искандару ёронаш ба он ҷасад эътиборе надода, бохтариёнро иҳота карданд ва ба шиканҷа кашиданд.
Ногоҳ аз тори кўҳ санге ғелида омад ва ҳамаро безобита гардонд. Сипоҳи мақдунӣ омода ба ҷанг гашта андар даҳони ғор ва атрофи он ҷой шуданд, ки бохтариён ва суғдиён дар кўҳ маскан гузида сангрез онҳоро нобуд месохта бошанд. Вале дигар санг нафаромад ва ҳама ҷо ором буд. Биталомус бо рухсати Искандар кўҳнавардони юнониро фармуд, то ба кўҳ бароянд. Онҳо ларзону тарсон бун-буни харсангҳо, пас-паси буттаву дарахтон боло рафтанд, аммо касеро надиданд. Ногоҳ аз кўҳи Нидо садое омад, акси садо буд. «Озор мадеҳ!» Ва ҳамагон ба чаҳор сў нигаристанд, касеро надиданд. Ба ташвишу таҳлука афтоданд, ки сипоҳи мақдуниву юнониро бо ребу фиреб ба ин тангно оварда қасд мегирифта бошанд. Ҳарчанд ҷасади посбон гувоҳӣ ба гурези Бесус медод, Искандару ёронаш бовар надоштанд.
Садои кўҳи Нидо наздиктар меомад. Чунон ки Бесус андаруни шахи лайси Нидо ҷой шуда овоз медода бошад; садо аз паҳлў, тори сар, зери пой ва аз замири ҳар кас меомад. Аз чунин мўъҷизаи кас надидаву нашунида ҳайратзада монданд.
Ва аз пастӣ ба рафти рўдак чанд тан пиёдагон бо таҳлука, ташвиш ва осема рў ба сипоҳи мақдунӣ меомаданд. Изтиробашон аз ташвишашон фузунтар буд. Марди бараҳнаи монанд ба маймунро доштаву пешандоз меоварданд, ки аз шоҳ то сарбозро дар ҳайрат мегузошт; сиёҳи сермўй буд ў ва занҷираи гарданаш аз нури хуршед медурахшид. Ҳуши баъзеро пашмӣ бадани ў рабуда бошад, ақли бархеро занҷираи гарони зеби гарданаш бурда буд.
Искандар аввал нафрат хонд барои диққати ҳамсафонашро ҷалб кардан. Баъд хомўш монда нигоҳаш ба овезаи ғафси гардани марди бараҳна буд. Чун марди бараҳнаи дастбастаро тела додатела дода бо зарбу лату зўрӣ назди Искандар оварданд, шоҳ чизе напурсидаву нагуфта, бар зин хам хўрда, аз занҷираи гардани ў дошта се бор бардошт. Умедаш бар он буд, ки аз вазни соҳибу силтави дасти ў канда хоҳад шуд. Аммо занҷира чунон васлу кафшер шуда буд, ки ҷуз буридан роҳи дигар надошт. Искандар аз кори кардааш шарм кард ва барои он ки ҳамроҳон гумон кунанд, ки ў ин мардро бо ҳамин роҳ куштанист, бори дигар аз силсила дошта боло кашид ва қоматашро рост карда дуру дароз ҷуссаи андаке лоғаргаштаро паҳлўи асб кашол дошт.

пешина
аз 411
навбатӣ