Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Марди тановари ботамкин на ҷунбид, на сурфид ва на чизе гуфт. Искандар аз сабру тоқати ў рамуз гирифта бозпас ба замин гузошташ ва раҳо кард занҷираи заринро. Гумонаш он мард бояд биафтад, аммо ў рост истод ва баргашта сахт нигарист ба Искандар.
— Ту куштӣ Дориюшро? —...
— Бесуси шоҳкуш ту ҳастӣ? —...
— Забони туро низ буридаанд? —...
«Тозона бизанед!»
Амри шоҳ – воҷиб. Ончунон тозона заданд, ки тани мўйпўшаш рах-раху ҷўя-ҷўя гашт ва аз он ҷўяҳо хун мешорид. Вале он марди монанд ба маймуни одамшакл ончунон дамбадарун буд, ки аслан забони одамиро намефаҳмида бошад.
Ва гоҳе ки саворон Бесуси ғўлро тозиёна мезаданд, Искандар менигарист ба роҳу қадоба; сипоҳи фаровони ў чун мўру малах ҳама ҷоро пахш карда бўрранг метофтанд андар манзари кўҳҳо ва ҳамаи онҳо сафарбар буданд барои ба даст овардани як ғўл. Искандар намедонист, ки Бесус ба ғўл монанд аст ва одам дар чунин пўст низ мешавад. Вале шоҳро шаклу пашми ў аҷиб набувад пеши он ки дар чунин ҳайат чунон гарданбанди зарин.
Равшан, ки то сар наканӣ, он гарданбанд нагирӣ. Вале Искандар зиёд мехоҳад, ки занҷираи зарин хунолуд нагашта бигирад. Дукордаи оҳанбурӣ мебод. Вале он ҳамроҳи оҳангарон.
Андар фазо каргаси лошахўр пайдо шуд ва Искандар ғаш кард.
Ин мурғи баднамо ба дили ў задааст. Чанд гоҳ аз Ориё то Бохтар ин лошахўри баднияти туллаккардаи гарданхунинро надида буд, чашмони тезу минқори баргаштааш ба назараш наметофт ва ў бе ҷангу ҷадал роҳ мерафт ва кишварҳои ғайр худ аз худ зери тасарруфаш меомаданд. Ҳолиё як маймуни безабон ҳамаро маймунбоз кардааст.
«Биист!!!»
Вале дастони ҷаллоди хаёлиро боздоштан Бесусро суде намебахшид ва ё дар чунин ҳолат аз ў чизе шунидану дарёфтан имкон надошт. Бо вуҷуди он Искандар Бусефали сиёҳи бузургҳайкалро рўйи ў ронд, то чӣ зояд ин кирдор.
— Аз чӣ рў шоҳро куштӣ, нобакор!?
— ... – ба ҳамон тартиб посухе набуд аз ҷониби Бесус. Пурси шоҳ Искандар чун бодоварде ба гўшаш расид, вале аниқу яқин накард, ки ў чӣ мегўяд. Посух низ нахоҳад шуд. Бал сараш чун сари он марди маслуб ба пеш хам хўрд, лек ҳоло ба пой буд. Пойҳояшро фарох гузошта, дастони бастаашро гиреҳ дошта мушаки банду бозуро дамонда чун ҳайкали қавӣ ва тановару нерўманд меистод ва дар олам чизеро намедиду намешунид.

пешина
аз 411
навбатӣ