Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Чӣ гуна бо чунинон Дориюш тавонист размро бохтан?» Дар замираш чунин пурс ғулғул афканд ва якбора наъра зад.
— Чаҳорлахташ кунед! Ҳоло аз тухми инҳо зиёданд!
Вале Биталомуси то алвақт амри шоҳро нигарон ба шоҳ зеҳн монд. Мазмуни нигоҳаш ҳамон занҷира буд, ки шоҳ дилкашолӣ дошт. Искандар аз ин боб чизе нагуфт. Сахт нигарист Биталомусро. Ва ў миҷа таҳ карду ишора зад, то сипаҳбад фармон баҷо орад.
Ва сипаҳбад коре кард, ки бо Барзаенти ориёйӣ карда буд:
чаҳор савор аз чаҳор сў асбонашонро наздик оварданд ба Бесуси Бохтарӣ. Фитрокҳои аблақ аз кўҳаи зин кушода нўкашро ба чаҳор ҷаллод доданд ва онҳо фитрокҳо ба чаҳор дасту пойи ў бастанд ва ишкели дасташро кушоданд. Чун сари асбон ба чаҳор сў гардонда омодаи фармон шуданд, садои Искандар омад:
— Панҷлахт кунед!
Валекин касе панҷлахтро намедонист. Биталомус нигарист Искандарро. Ў фаҳмонд:
— Ба гарданаш низ ҳалқа андозед!
Ва асби панҷум пеш омад. Каманди ҳалқадор ба рўзбоне дод ва ў ҳалқаро ба гардани хами Бесус андохт.
Бесус намедонист ва дарку эҳсос намекард, ки онҳо чӣ кор мекунанд. Танҳо гоҳе ки асбон ба панҷ рў бастаҳоро кашиданд, аввал рўйболо афтид ва як бор ҳаракати раҳойӣ кард. Баъд аз кўҳи Нидо садое омад, ки санг кафида хуни дилаш пош хўрда бошад.
«Сазои касе, ки шоҳ кушад!»
Пеш ҳам гуфта буд ин ҳарфро, ҳолиё такрор кард Искандар.
Ва нигарист ба сипоҳи беҳисоб, ки ин намуди тозаи саҳнаҳои юнониро бо чӣ завқ тамошо мекунанд. Баъзеҳо сар хам медоштанд, бархе завқ мебурданд аз чунин намоиш, ягон-ягон мегиристанд, ки чунин рўз ба сари ҳар кас хоҳад омад. Вале шоҳ ба ҳама якранг менигарист: «Ай бехабарон, чунин бодо!»
Вале ҷисми ў чун ҷисми Барзаент аз чатан ду надаррид, балки дастонаш ҷудо шуданд, фитроки яке канд. Аммо гардани ў канда намешуд. Ду асб монд: он ки гардан баста буд ва оне ки пойи чап. Ба ду тараф мекашиданд, аммо чун гургони гушнафтода ба сўе намерафтанд. Ҷаллоде тозон назди онҳо омад ва бо теғи тез харпаи пойи Бесуси мурдаро бурид. Яке мурда дароз шуд ва сар аз тан рафт ва аз пасаш харпаи дароз рўдаи кашол шуд ва асбон борро сабук дида яке тан бурд, дигаре сар.
Ҳарчанд Искандар ишора дошт, ки савори сарбурда бозистад, ў на медид ҳаракатҳои шоҳро, на мешунид садояшро, на медонист муродашро; сари зин шину хез мекунад, то асби ўро доранд, вале савор барои хешро хуб нишон додан боз тозона мезад фарасашро ва ҷонвар чаҳорнаъл мешуд.

пешина
аз 411
навбатӣ