Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мақсаду муроди Искандар дигар чунин набуд. Пиндораш зеби гардани зарин ҳамроҳи сар миёни хоку хун ва регу хасу хошок омехтаву олуда меравад ва касе онро намебинад.
Ва аммо чун асби ўро боздошта оварданд, дар ҳалқаи фитрок на сар буду на харпаю на овеза. Аввал фиғони ботинии Искандар харош дод дилу гулўяшро ва чун гози зери замин гулўяшро тарконд:
«Чӣ кардӣӣӣ!?»
Савори сарбурда як қад парид, ки амр амри шоҳ буд, ў иҷро кард. Ноогоҳ аз муроду дилу нияти шоҳ карахт шуд. Китф дарҳам кашид.
«Сараш гиред!»
Танҳо Биталомус мефаҳмид муроди ўро. Ишора ба ҷаллодон кард ва чанд тани дигарро фармуд сари Бесусро пайдо карда оранд. Аммо Искандарро нафорид фармони Биталомус, ки хоҳнохоҳ онҳо силсиларо нахоҳанд овард.
«Биистед!!!»
Фармуд Искандар ва ба баногўши Биталомус чизе гуфт. Ў боз дошт онҳоеро, ки равон шуда буданд сўйи об. Сипаҳбад ду нафарро пеш хонда фармуд раванд бо пайи асбе, ки сар бурда буд.
Онҳо рафтанд. Сагвор бўй гирифтанд. Сару харпай оварданду занҷира на.
«Занҷира бо тан рафта буд.» – ҳукми марги хешро фаромўш карда гуфт савори аз асб фаромада ва ба ҳамҷабҳаҳо фаҳмонданӣ шуд, ки ин ҳама бозӣ барои як гардановез бувад.
Чунин берухсат ба сухан омада шоҳро шарманда сохтани ў Искандарро хуш наомад ва рўй турш кард, ки қасдашро гирифт.
Зеро шоҳи доно хуб медонист, ки овеза бо тан рафтанаш ҳеҷ имкон надорад; магар ки яке аз мурдакашҳо гирифта бошанд. На.
Искандар аз аввал то охир мушоҳида мекард, яке аз саворон сўйи мақтулу замин хам нашуда, магар қассоби харпайро бурида ин корро карда бошад. Ва ҳолиё ў наметобад. Ақли мардумро ба асбон баста худ коре кардааст.
«Ҷаллодро биоваред!»
Вале рўзбон пайдо набуд. Искандарро дарак надода дар ҷустуҷў даромаданд; дер ҷустанд. Пайдо накарданд ва Искандарро оварданд, ки кори он қалтабон бувад, ки занҷираро рабуда ғайб задааст «Пайдо кунед, биоваред!»
Биталомус дар бало монд. Медонист, ки пайдо кардани чунинон саҳл набувад. Бо вуҷуди он ба ҳар сў кас фиристод. Шаб шуду ў пайдо нагашт.

пешина
аз 411
навбатӣ