Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

БАНДИ САВВУМ

Ва ин мурғони лаззат аз гўшти одамӣ бурда соли панҷум аст, ки чун абр тори сари сипоҳи мақдунӣ мегарданд ва хубтар аз Искандар касе рафтору кирдор ва хосияти пайдо шудани онҳоро мушоҳида намекунад. Аз ин рў баробари дар фазо ҳозир гаштани ин ҳаромхорон табъи шоҳи мақдунӣ мегирад, вале ба касе чизе намегўяд, зеро ягон коҳин ё фолбин хосияти пайдо шудани онҳоро пешгўйӣ карда наметавонад. Танҳо мегўянд, ки ин мурғи бадният дар хобаш мебинад, ки дар фулон макон лошае хуфта бесоҳиб. Ва бедор шуда ба ҳамон самт парвоз мекунад. Вале хубтар аз ҳама Барзин медонад ва таваҷҷўҳу мушоҳида, инчунин эътибори зиёд додану ба дил гирифтани шоҳро дида, мегўяд: «Ба онҳо эътибор мадеҳ. Онҳо хислати фиребо доранд. Бавижа гоҳи набард. Ақли касро рабуданашон имкон дорад. Онҳо бадният: тори сари кас мегарданду мегўянд: «Илоҳо зудтар мурӣ, ки чашмонатро кофта хўрам». Эътибор мадеҳ, Искандар. Аммо бидон, ки онҳо ёри ту ҳастанд ва баъзан ба сари сипоҳат соя меафкананд». Рост ин чизро шоҳ мушоҳида кардааст. Рўзе ки рез кардани онҳоро бар сари шоҳ Дорои Саввум дид, пай бурд, ки барояшон шоҳу гадо, ҳарому ҳалол фарқ надорад. Ҳолиё чунин аст, ки андар Кешу Насаф низ вуҷуд доранд. Пешопеш мераванд аз сипоҳ. Баъзан пой ёзида фаромаданӣ мешаванд. Сар ба зер андохта менигаранд, аммо чизе надида боз боло мераванд. Онҳо ба хушбахтиву бадбахтии шоҳ кор надоранд; менигаранд, ки боз кадом асб канори роҳ меафтад ва ё кадом сарбози фавтида бегўру чўб монда тўъмаи онон мегардад.
Зеро зиёд дидаанд майитҳои бегўрро, мурдаҳои бесоҳибро, ки ё аз бекасӣ ва ё аз вазъу фурсати нобоб андар майдону корзорҳо ва дар вартаву обканҳо ва зери деворҳои кўшку дижу шорсонҳо гандидаанд. Шуда, ки дар зарурат лашкар ба фавтидагон эътибор надода, душманро дунбола гирифтааст ва мурдагон бегўр мондаанд, ҳарчанд ки ҳар сипоҳ соқа (паслашкар) дорад. Мақдуниёну юнониҳо аз ҷафои дурии роҳ ҳама сарбозони нобудгаштаро ба ақибгоҳ фиристода наметавонанд, сипоҳи Порс гоҳи гурез мурдаашро партофта меравад; ва ин ҳама тўъмаи шағолу каргасҳо хоҳад шуд. Тарси Искандар аз ҳамин аст. Вале ба ҳеҷ чиз тан надода, ба умеди ҷаҳонгирӣ пеш меравад, ки нияташро ҷуз хештан касе намедонад.
Худованд ризқи ин мурғони баднияту зиштро фаровон гардондааст. Агар ҳайвоне барои нафсу луқмаи инҳо ҳайвони дигарро кушта натавонад ва ё куштан нахоҳад, бояд ин корро инсон кунад.
Ҳарчанд Искандар омўхтааст хислату нияти онҳоро ва медонад, ки онҳо хавфу хатарро пешгўйӣ мекунанд ва сипаҳсолорро аз пешомад огоҳ мегардонанд, ўро ба омодагиву ҳушёрӣ мехонанд, дилбазан шудаанд; зеро ташвишро зиёд мегардонанд. Яке ба сараш зад, ки сарбозонаш аз ин лошахўрон камӣ надоранд.

пешина
аз 411
навбатӣ