Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баъди ситезу пирўзӣ ситонанд ҳама чизро ва рабоянд ва хўранд ва сўзанд... Монанд ба лошахўрон. Инро танҳо Искандар медонад ва мушоҳида кардааст. Аммо намегўяд. Дигарон низ агар мушоҳида карда бошанд, дамбадарунанд, зеро ҳамагон як хў доранд: рабудан.
Мурғон танҳо барои шикамашон мехўранд; сарбозон мехўранд, низ ғун мекунанд, ҳам мефиристанд. Сарбозон мекушанд, каргасҳо мехўранд. Инҳо ба ҳам монанд ва номонанд. Ба ҳар ҳол мурғон дар баландиҳоянд. Гоҳе ки паст мефароянд, аз саг ҳам пасттар мешаванд.
Гоҳи дар кўҳҳои Ҳиндукуш дарозо монданаш ба сипоҳи мақдуниву юнонӣ дастаҳои ёрирасон ҳамроҳ шуда, сафи лашкарро зиёд гардонида буданд ва ҳолиё чун мўрони ба хафолашон об рехта тамоми водиро пахшу иҳота карда мераванд. Онҳо ба сарзамине расиданд, ки обод метобад аз ҳама водиву кишварҳо ва оби рўдаш хингу регу гилолуд. Шаҳри азим дорад ва дудевора иҳота шудааст.
Диж низ дорад. Пойтахтро монад. Ба назар сахтҷон метобад.
Ин шаҳр Мароқанд бувад – пойтахти Суғдиён. Бино ба донишу фаҳмиши Искандар ҳокими вилоят Спитамони Суғдӣ дар ин ҷо паноҳ бурда, сипоҳи суғдиву бохтарӣ сохта, пеши роҳи лашкари ҷаҳонгарди мақдуниро гирифтанист. Искандар дар беруни шаҳр дарвозаҳои ҷанубиву ғарбиву шарқиро зери назорат гирифт ва рустои атрофро тохт овард. Мардуми рустоҳо, ки ба чунин набард одат накарда буданд ва медонистанд, ки ҷанг шавад, аввал дар пойтахту диж мешавад ва ҳар ҷонибе, ки пирўз омад, рустоҳо хоҳ-нохоҳ зери тасарруфи забардаст қарор мегирифтанд. Вале аз кирдору корзори Искандари номдор ҳама дар ҳайрат афтода, косакуҷомонам шуданд, муқобилият карда натавонистанд. Сипоҳи Искандар ба тарсу ваҳми деҳотиён қаноат накарда оташ зад рустоҳоро, то чашми мароқандиҳоро битарсонад. Вале пойтахтнишинон ба рафтори нохуби лашкари Рум нафрин хонда шаҳру дижи Мароқанди зеборо ҳимоя карданӣ шуданд.
Искандар сатрапи Суғд Спитамонро даруни қалъа пиндошта, аз сар нафаровардани суғдиён хашмӣ гашта, сипоҳро амр кард, ки деворшиканӣ кунад. Аммо ҳушу ёдаш бар он буд, ки чаро ин шарқиён якдигарро кушта-кушта сари мансабу тахт омадан мехоҳанд. Қариб ҳама корҳои ношоями порсҳо пеши назараш омад:
аз кирдорҳои хоҷасарой Боҳуй то шоҳкушии Бесусу рафтори сатрапҳо ва қасди шоҳ Дорои саввумро ситонидани Спитамон аз Бесус. Ҳамаро ё ба ў хондаанд ё овардаанд, донистааст. Аҷаб он аст, ки ҳеҷ гоҳ аз кушторҳои боргоҳи Файлақуси Дуввум ва ё нобуд сохтани ҳамсафону ҳамраҳону ҳамрикобон ёд намекунад; гўё чунин бояд шавад. Ба ҳар тақдир нафрин хонад сатрапони ноўҳдабарову нотавони шарқиро. Ғазаб кунад, ангушт мушт гардонад, дандон сояд, ки чӣ нотавону ноўҳдабароянд онҳо. Пасон меболад аз разму ситезу набардҳои хеш ва ғулғул шавад дар вуҷудаш; бардорад ўро, ки болу пар дошта бошад.

пешина
аз 411
навбатӣ